Кафши тиллоӣ

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳоро дар бар мегирад. Дар он асарҳои бадеӣ барои хонандагон пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 25 саҳифа
САРСУХАН
Ҳидоят Азизова 9-уми январи соли 2009 дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Падараш усто ва модараш хонашин мебошанд. Соли 2015 таҳсилашро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 оғоз намуда, айни ҳол хонандаи синфи 11 мебошад.
Аз овони кӯдакӣ ба навиштани шеър ва ҳикояҳо шавқу ҳавас дошт. Дафтарчае дошт, ки дар он осори худро сабт мекард. Соли 2023 ба маҳфили адабии «Ҳамешабаҳор»-и устод Хайриддини Хайрандеш шомил шуда, бо роҳнамоии устод ба навиштани наср рӯ овард. Бо дастгирии эшон ҳамчун нависандаи навқалам ба фаъолият оғоз кард ва то имрӯз ҳикояҳою афсонаҳои зиёде навиштааст. Устод Хайрандеш бо дидани нерӯи ботинӣ ва истеъдоди равшани Ҳидоят, ба ӯ тахаллуси “Авранг”-ро лоиқ донистанд, ки рамзи зебоӣ, шоҳонагӣ ва масъулияти сухан аст.
Соли 2024 дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, дар даври ноҳиявӣ аз номинатсияи эҷоди наср ҷойи аввалро ишғол намудааст. Инчунин соли 2025 ғолиби озмуни шаҳрии навқаламон бо номи “Килки сабз” гаштааст. Дар китоби “Килки сабз 4” афсонааш бо номи “Кафши тиллоӣ” ба чоп баромадааст.
Ҳидоят се забони хориҷиро медонад: Забони русӣ, англисӣ ва туркӣ. Орзу дорад дар оянда таҳсилро дар кишвари Туркия, дар риштаи журналистика идома диҳад.
Китоби аввалинаш бо номи «Кафши тиллоӣ», маҷмӯаи афсонаҳо ва ҳикояҳои муаллиф мебошад. Умедвор аст, ки хонандагон аз мутолиаи он лаззати маънавӣ мебаранд. Ӯ навиштанро ҳамчун воситаи ифодаи эҳсосот, умедҳо ва хаёлоти зебои инсонӣ мебинад. Китоби “Кафши тиллоӣ” аввалин талоши ӯ дар роҳи муаррифии ҷаҳони ботинӣ ва хаёлот ба хонандагон аст.
Ҳидоят ба таври вижа ба кӯдакон ва ҷавонон муроҷиат мекунад, то орзу карданро фаромӯш накунанд ва ба қувваи тасаввурот бовар дошта бошанд. Вай бар он бовар аст, ки ҳар як дил як қасри рӯъёҳоро дар худ пинҳон мекунад, ки танҳо бо меҳрубонӣ, ормон ва ҳунар кушода мешавад. Ӯ нависандагиро танҳо як касби оддӣ намедонад, балки масъулияте медонад барои бедорсозии рӯҳу зеҳни ҷомеа. Ӯ ҳадаф дорад, ки фаъолияти эҷодии худро густариш дода, дар рушду инкишофи фарҳангу адаби миллии ватанаш саҳми намоён гузорад. Орзу мекунем, ки Ҳидоят бо тахаллуси “Авранг” дар саҳифаҳои адабиёти тоҷик ҳамчун як чеҳраи боихлос ва ватандӯст сабт ёбад ва ҳамеша дар хидмати миллату фарҳанг боқӣ монад.
Равшан МАХСУМЗОД

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё