Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
то хубби1 дунё аз дили мо бираваду аз ибодати Парвардигор ғофил нашавем.
Искандар пурсид:
– Чӣ гуна ба гиёҳи замин ба сар мебаред!
Ҷавоб дод:
– Аз он ки мо нохуш медорем, ки шикамҳои худро қубури2 ҳайвонот кунем.
Он гоҳ бузурги эшон даст бурда, устухони косаи сареро бардошта, ба пеши Искандар бигузошту гуфт:
– Эй Искандар, оё медонӣ, ки худованди ин сар кӣ буд?
Гуфт:
– Ло валлоҳ!
Он мард гуфт:
– Худованди ин сар малике буд аз мулуки дунё, ки ба раият ситам мекарду ҷавр менамуд ва авқоти худро ба ҷамъ кардани моли дунё сарф мекард. Чун Худои таоло руҳи ӯро қабз фармуд, ӯро дар оташ ҷой дод.
Пас аз он даст дароз карда, косаи сари дигар биёвард ва ба Искандар гуфт:
– Оё худованди ин сарро мешиносӣ?
Искандар ҷавоб дод:
– Ло валлоҳ!
Гуфт:
– Ин малике буд аз мулуки рӯйи замин, ки бо раият адолат мекарду ба аҳли вилоят меҳрубонӣ менамуд. Чун Худои таоло руҳи ӯро қабз кард, ӯро дар биҳишт ҷой доду дараҷаи ӯро баланд гардонид.
Пас он мард даст бар сари Зулқарнайн ниҳоду гуфт:
– Ту кадом як аз ин ду хоҳӣ буд?
Зулқарнайн сахт бигирист ва он мардро дар оғӯш гирифту ба ӯ гуфт:
– Агар ту ба суҳбати ман рағбат кунӣ, вазорат ба ту
1 Хубб – меҳру муҳаббат.
2 Қубур – ҷамъи қабр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё