Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Малакулмавт гуфт:
– Ман Малакулмавтам.
Марди накӯкор гуфт:
– Офарин бар ту ва ҳамд Худойро, ки ту омадӣ, ки ман интизори ту мекашидаму муштоқи лиқои ту будам.
Малакулмавт ба ӯ гуфт:
– Агар туро машғалае бошад, ӯро тамом кун!
Он мард гуфт:
– Фарзтар аз ин машғала надорам, ки мулоқоти Парвардигор кунам.
Пас Малакулмавт гуфт:
– Чӣ гуна рӯҳи туро қабз кунам?
Он марди накӯкор гуфт:
– Маро муҳлат деҳ, то ки вузӯ кунаму намоз кунам. Чун ба саҷда равам, рӯҳи маро дар ҳолати саҷда қабз кун!
Малакулмавт гуфт:
– Фармони Парвардигори ман ин аст, ки туро пайравӣ кунам.
Пас, он мард бархоста, вузӯ гирифту намоз кард. Чун ба саҷда рафт, Малакулмавт рӯҳи ӯро қабз карду ба макони раҳмату мағфират бирасонид.

ҲИКОЯТИ ДУВУМ

Низ ҳикоят кардаанд, ки малике аз мулук моле фаровон ва зару сими бешумор дошт ва аз ҳамаи чизҳо, ки Худои таоло дар дунё халқ кардааст, ҷамъ оварда буд, ки ба лаззату рифоҳият зиндагонӣ кунад. Пас аз он қасри баланду маҳкамбунёд, ки шоистаи мулук бошад, бино кард аз барои он қаср ду дар сохт ва ғуломону дарбонон ба дарҳои қаср бигумошт. Рӯзе аз рӯзҳо таббоҳро1 фармуд, ки таоме некӯ ҳозир кунад. Он гоҳ ҳашаму ходимону пайвандони худро ҷамъ овард, ки дар назди ӯ таом хӯрданд ва худ бар тахти мамлакат

1 Таббоҳ – ошпаз.

пешина
аз 92
навбатӣ