Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
Халифа аз эшон пурсид, ҳар ду ҳамон гуфтанд, ки бо Ҷаъфар гуфта буданд. Халифа гуфт:
– Ҳар дуро бикушанд.
Ҷаъфар гуфт:
– Эй халифа, кушанда яке аст, қасос аз ҳарду ситам аст.
Ҷавон гуфт:
– Ба Худое, ки осмон бияфрошту замин бигустард, духтарро ман куштаам.
Ва нишон аз сандуқу духтар ҳамедод, то ба халифа ошкор шуд, ки ӯ кушта. Халифаро аҷаб омад ва ба ҷавон гуфт:
– Сабаби куштани духтар чӣ буда ва чун аст, ки ин гуноҳ намепӯшӣ ва дар ҳалоки худ ҳамекӯшӣ?
Ҷавон гуфт:
– Ин духтар зани ман буд ва ин пир маро ам ва ӯро падар аст. Ин духтар дар хонаи ман се фарзанд бизод ва маро бисёр дӯст медошт. Ман аз ӯ бадӣ надида будам. Дар оғози ҳамин моҳ бемор шуд. Табиб овардам, беҳбудӣ рӯй дод, хостам, ки ба гармоба фиристам, гуфт:
– Биҳӣ орзу дорам, ки ӯро бибӯяму бихӯрам.
Ман дарҳол ба ҷустуҷӯйи биҳӣ аз хона бадар омадам ва он рӯз басе бигаштам, биҳӣ падид наёвардам ва шабро ба фикрат ба сар бурдам. Чун бомдод шуд, аз хона берун рафта боғҳо бигаштам ва аз боғбонон бипурсидам. Яке аз эшон гуфт:
– Он чи ту мехоҳӣ, дар Бағдод ёфт нахоҳад шуд, вале халифаро ба Басра андар боғест, басе дарахтони биҳӣ дорад ва боғбонони он боғ ҳамарӯза биҳӣ чида ва барои халифа меоваранд.
Пас маро муҳаббати духтар бар он бидошт, ки ба Басра равам. Понздаҳ шабонарӯз рафтаму бозгаштам ва се дона биҳӣ ба се динор харида биёвардам. Пас аз чанд рӯзе ба дукон рафта, ба муомила нишастам, ғуломи сиёҳеро дидам, ки биҳӣ дар даст дорад. Ба ӯ гуфтам, ки:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё