Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
Бо фазл надиму бо ҳунар ёрӣ,
Бо ҷуд рафиқу бо хирад хешӣ.
МАЛИКИ ЮНОН ВА ҲАКИМИ РӮЁН
Дар замини Фурсу Рӯён малике буд, малики Юнонаш гуфтандӣ ва дар тани он малик нохушии барас1 буд, ки атиббо2 аз муолиҷати он аҷз доштанд. Рӯзе ҳакиме солхӯрда ба он шаҳр омад, ки ҳакими Рӯён ном дошт ва луғати юнониву форсиву румиву арабӣ ва суду зиёни гиёҳҳову барги дарахтон нек бидонистӣ. Пас, ҳаким чанд рӯзе дар он ҷо бимонду шунид, ки тани малик барас дорад ва атиббо дар илоҷи он оҷиз шудаанд. Бархоста ба пеши малики Юнон шуд ва замин бӯсида, табибии худро бар малик арз намуду гуфт:
– Эй малик, шунидаам, ки танатро нохушӣ фурӯ гирифта ва то кунун илоҷпазир нагашта. Ман мехоҳам, ки муолиҷат кунам, бе он ки туро шарбате бихӯронам ва равғане бимолам.
Малики Юнон дар аҷаб шуду гуфт:
– Чӣ гуна метавонӣ бе доруву шарбат муолиҷат намудан ва агар чунин кунӣ, туро бениёз гардонам ва он чӣ ки орзу дорӣ, бароварам. Аммо чӣ рӯз ва чӣ ҳангом муолиҷа хоҳӣ кард? Эй ҳаким, дар ин кор бишитоб!
Ҳакими Рӯён замин бӯсида, ба манзил бозгашт ва ба муолиҷат омода шуд. Рӯзи дигар ба пеши малик омада, гуфт:
– Имрӯз бо гӯю чавгон ба майдон ҳамерав.
Чун малик бо гӯю чавгон ба майдон шуд, ҳакими Рӯён пеш омад ва чавгон баргирифта ба малик доду гуфт:
– Чунин бигир ва ба қуввати бозу бар гӯй бизан, то дасту танат хай кунад ва дору бар дасти ту нуфуз карда,
1 Барас – пес, махав.
2 Атиббо – табибон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё