Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

МАЗАРРАТИ ШАРОБ

Ва низ ривоят кардаанд, ки дар миёни хулафои банӣ Аббос халифае донотар аз Маъмун набуд, ки ҷомеъи улум нек бидонистӣ ва ӯро дар ҳар ҳафта ду рӯз маҷлиси мунозираи уламо мунъақид1 мешуд ва фақеҳону мутакаллимон ҳар як дар мартабаи хештан менишастанд. Рӯзе Маъмун бо фақеҳону мутакаллимон нишаста буд, марде ғариб, ки ҷомаи сафеди куҳан дар бар дошт, ба маҷлис андар омад ва поинтар аз ҳама бинишаст. Фақеҳон ба сухан гуфтан шурӯъ карданд ва ба ҳалли масоили мушкила иқдом намуданд ва эшонро одат ин буд, ки масъаларо ба аҳли маҷлис ягон-ягон арза медоштанд ва ҳар кадом аз аҳли маҷлисро латифае ё нуктае ба назар меомад, ӯро зикр мекард. Пас, масъаларо дар он рӯз ба тамомати аҳли маҷлис арза доштанд, то навбат бад-он марди ғариб бирасид. Он мард ба сухан гуфтан оғоз кард ва ҷавобе накӯтар аз ҷавобҳои фақеҳон дод. Халифа ӯро таҳсин кард ва фармуд, ки болотар аз он маконе, ки нишаста буд, бинишинад. Чун масъалаи дувум тарҳ шуд ва навбати сухан гуфтан бад-ӯ расид, ҷавобе беҳтар аз ҷавоби нахустин бозгуфт. Маъмун фармуд, ки аз он макон низ болотар нишинад. Чун масъалаи севум ба миён даромад, он мард ҷавобе некӯтар аз ду ҷавоби нахустин бозгуфт. Он гоҳ, Маъмун фармуд, ки наздик ба халифа бинишинад. Пас чун мунозира ба анҷом расид, об ҳозир оварда даст бишустанд ва суфра бигустарданду хӯрдани бихӯрданд. Пас аз он фақеҳон бархоста берун рафтанд ва Маъмун он мардро аз рафтан мамониат кард ва ба худ наздиктар нишонда, ба мулотифату меҳрубонӣ бияфзуд ва ваъдаи эҳсону инъомаш бидод. Он гоҳ маҷлиси шароб муҳайё карду надимонро бихост ва соқиёни хубрӯй ҳозир омада паймонаи шароб ба

1 Мунъақид – баргузор шудан аз рӯи ақду паймон.

пешина
аз 92
навбатӣ