Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
Пас аз он худованди хона аз назди мо бархоста, соате ғоиб шуд. Чун боз гашт, сесад ҳазор динор бо худ биёвард ва ҳеҷ аз ман бим надошт. Ба ман гуфт:
– Айюҳалволӣ, ту ба ҳар тавр, ки бихоҳӣ, ба озори мо қодир ҳастӣ, валекин ин кор туро ҷуз ранҷ наяфзояд. Беҳтар ин аст, ки ту ин молро бигирию рози мо пӯшида дорӣ, ки саттор номи бузурги Худост ва рози бандагон пӯшида доштан дӯст дорад.
Ман ба худ гуфтам, ки: «Ин мол аз эшон бигирам ва ин карат рози эшон пӯшида дорам, агар карати дигар ба эшон даст биёбам, интиқом аз эшон бикашам». Пас дар мол тамаъ карда, мол бигирифтам ва эшонро ба ҳоли худ гузошта, боз гаштам ва ҳеҷ кас аз кори ман огоҳ нашуд.
Рӯзи дигар нишаста будам, ки расули қозӣ даромад ва ба ман гуфт:
– Айюҳалволӣ, қозӣ туро ҳамехоҳад!
Ман бархоста ба сӯйи қозӣ рафтам ва сабабро намедонистам. Чун ба назди қозӣ расидам, он ду шоҳиди одилро бо худованди хона дар он ҷо нишаста ёфтам. Пас худованди хона бархоста сесад ҳазор динор ба ман иддао кард ва маҳзаре1 бадар овард, ки он ду шоҳиди одил ба иддаои ӯ шаҳодат дода буданд. Пас дар назди қозӣ ба гувоҳии он ду одил иддаои ӯ собит шуд ва қозӣ маро ба рад кардани он маблағ бифармуд. Ман аз эшон берун наёмадам, магар ин ки сесад ҳазор динор аз ман бигирифтанд. Ман аз кардаи худ пушаймон будаму дар ғояти хиҷлат боз гаштам.
Пас волии Булоқ бархосту гуфт:
– Айюҳалмалик, аҷибтар ҳикояте, ки маро рӯй дода, ин аст, ки ман вақте сесад ҳазор динор мадюн2 шудам ва аз ҳуҷуми дайнхоҳон3 ба ранҷ андар будам. Пас, ҳар
1 Маҳзар – ҳукм ва фатвои қозӣ.
2 Мадюн – қарздорӣ.
3 Дайнхоҳон – қарзхоҳон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё