Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
Он мард гуфт:
– Ман вақте, ки ин зарҳо ба ту додам, онро аз моли худ берун кардам ва ба расми мавҳибат¹ ба ту додам. Ту ин зарҳо бардору ин варақа бигир ва ӯро ба ҷуз хонаи худ ҷойи дигар нахон ва он чи дар ин варақа навишта шудааст, ба он амал кун!
Пас гавҳарфурӯш мол бардошта варақа бигирифт ва ба хонаи худ рафт. Чун варақа бикушод, ин абёт дар он навишта ёфт:
Ман набахшидам ба умеди иваз,
Ки маро ҷуд аст аз бахшиш ғараз,
Сӯйи ту онон, ки оварданд мол,
Мар маро буданд бобу амму хол.
Моми ман буд он, ки бихрид он гуҳар,
Сад раҳ афзун аз баҳояш дод зар.
КАРАМИ МАЪН ИБНИ ЗОИДА²
Ва низ аз ҳикояти каримон аст, он чи аз Маън ибни Зоида ҳадис кардаанд, ки ӯ рӯзе аз рӯзҳо ба нахчиргоҳ шуду ташнагӣ бар ӯ чира гашт. Дар назди ғуломони худ об наёфт. Пас дар он ҳангом ки ӯ бад-он сон ташна буд, се духтарак падид гаштанд, ки се машки об ба дӯш доштанд. Маън ибни Зоида аз эшон об хост. Он духтарон Маън ибни Зоидаро об доданд. Пас Маън аз ғуломони худ чизе хост, ки ба духтарон базл³ кунад. Дар назди ғуломон аз зару сим чизе наёфт. Он гоҳ аз барои ҳар яке аз он духтарон даҳ тир аз таркаш⁴ бидод, ки новаки он тирҳо заррин буданд. Пас яке аз духтаракон бо дигаре гуфт:
¹ Мавҳибат – ато, бахшиш, эҳсон.
² Маън ибни Зоида (ваф. 770) – сарлашкар ва давлатмарди араб дар асрҳои нахустини ислом. Ӯ низ чун Ҳотами Тойӣ ба саховату ҳимматбаландӣ машҳур буд.
³ Базл – бахшиш.
⁴ Таркаш – тирдон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё