Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Бар афрози он ҷанбари чархи гардон,
Сари посбонро бисояд ба ҷанбар.
На хуршедро сӯйи болои ӯ раҳ,
На андешаро сӯйи паҳнои ӯ дар.

ДОСТОНИ КӮДАКИ ПАНҶСОЛА

Саргузашти кӯдаки панҷсола ин аст, ки чаҳор тан аз бозаргонон дар ҳазор динор шарик буданд ва зарҳо дар ҳам омехта, дар ҳамёне карданду ҳамерафтанд, ки бизоат бихаранд. Дар миёни роҳ ба боғе расида, бадраи¹ зар ба зани боғбон супурданд ва ба боғ андар гашта ҳамегаштанд, то ба лаби ҷӯйи обе расиданд ва дар он ҷо бинишастанду хӯрдани, ки бо худ доштанд, бихӯрданд. Он гоҳ яке аз эшон гуфт:
– Атре бо худ дорам, биёед сару рӯйи хештан аз ин оби равон бишӯем ва аз он атр ба кор барем!
Яке дигар гуфт:
– Шона зарур аст!
Дигаре гуфт:
– Аз боғбон бозпурсем, шояд ки шона дошта бошад.
Пас дарҳол яке аз эшон бархоста, ба сӯйи боғбон рафту ба ӯ гуфт:
– Бадраи зар ба ман деҳ!
Боғбон гуфт:
– Ҳамаи ёрони худ ҳозир кун ва ё ин ки ёрони ту маро овоз диҳанд ва ба ман бигӯянд, ки бадра ба ту рад намоям.
Ва ёрони он мард дар маконе буданд, ки боғбон эшонро медиду овозашон мешунид. Он мард ёрони худро овоз дода гуфт, ки:
– Ин боғбон чизе ба ман намедиҳад!
Эшон боғбонро овоз дода, гуфтанд, ки:
– Ҳар чӣ мехоҳад, бидеҳ!

1 Бадра – ҳамён.

пешина
аз 92
навбатӣ