Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

АдабиётҲикояФарҳанг
Аз аввал хондан

вафоти худ моли бисёр аз барои ӯ ҷудо кардаву кори ӯро ба ман супурда ва Худоро бар ман гувоҳ гирифта, гуфта буд, ки: «Ин мол аз бародари туст, дар муҳофизати ин эҳтимом кун!». Ман он молро гирифта, ба хокаш супурдаам ва ҷуз ман касе макони ӯ надонад. Агар ту акнун ба куштани ман ҳукм кунӣ, он мол талаф шавад ва ту сабаби итлоф¹ хоҳӣ буд ва рӯзе, ки Худованди олам дар миёни мардумон ҳукм кунад, он сағир ҳаққи худро аз ту мутолиба хоҳад кард. Агар се рӯз маро муҳлат диҳӣ, ман кори он кӯдакро ба касе супурда, худ ба сӯйи ту боз гардам.

Умар соате сар ба зер андохт, пас аз он ба ҳозирон назар карда, гуфт:
– Кист, ки ин ҷавонро зомин шавад?
Он ҷавон ба ҳозирон нигоҳ кард, дар миёни онҳо ба Абузар ишорат карда, гуфт:
– Ин маро зомин аст.

Умар гуфт:
– Ё Абозар, бозгаштани ӯро зомин ҳастӣ ё на?
Абузар гуфт:
– Бале, то се рӯз зоминам.

Ҷавонро изни боз гаштан бидод. Чун муҳлат ба сар омад ва наздик шуд, ки вақт ба поён равад, ҷавон ҳозир нашуд ва Умар бо асҳоб нишаста буданд ва Абузар низ ҳозир буд, ки он ду хасм даромаданду гуфтанд:
– Эй Абузар, хунии мо куҷост ва чӣ гуна он кас, ки гурехта бошад, боз ояд? Валекин мо аз ин макон барнахезем, то ту ӯро биёварӣ ва мо ҳаққи худро аз ӯ бихоҳем!

Абузар гуфт:
– Ба Худо савганд, агар айёми муҳлат ба анҷом расад ва он ғулом наёяд, ман ба замонати худ вафо кунам ва хештан ба шумо бисупорам!

¹ Итлоф – талаф кардан, аз даст додан.

пешина
аз 92
навбатӣ