Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
– «Амман йучибу-л-музтарра изо даъоху». Исрифҳу ъаннӣ иннака ъало мо ташоу қадирун.1
Ғӯл чун ин бишнид, аз маликзода ба канор рафт. Маликзода ба пеши падар бозгашт ва ҳадиси вазир бо падар баён кард.
– Ту низ, эй малик, агар ба гуфтаи ҳакими Рӯён дил биниҳӣ, дар куштани ту тадбире кунад ва ба зудӣ кушта шавӣ, чунонки дар беҳбудии ту тадбир кард ва чавгоне ба дасти ту дода, туро аз барас халос намуд.
Малики Юнон гуфт:
– Рост гуфтӣ, ки ӯ чунонки ба осонӣ маро аз барас халос кард, тавонад, ки дастагуле ба ман диҳад, ки ман онро бӯида ҳалок шавам. Акнун бозгӯй, ки раъйи савоб кадом аст?
Вазир гуфт:
– Ӯро бикуш ва аз шарри ӯ ба роҳат андар бош ва пеш аз он ки ӯ бо ту қайд2 кунад, ту ҳилат бар ӯ тамом кун.
Дарҳол малики Юнон ҳакими Рӯёнро бихост. Ҳакими Рӯён ҳозир омад ва остони маликро бӯса доду гуфт:
Худойгони ҷаҳоно, Худой ёри ту бод.
Саодати абадӣ ҷуфти рӯзгори ту бод!
Ба ҳар куҷо, ки занӣ теғ, даст дасти ту бод,
Ба ҳар куҷо, ки ниҳӣ пой, кор кори ту бод!
Ва боз бархонд:
Фахр кун бар ҳама шоҳон, ки туро шояд фахр,
Ноз кун бар ҳама мирон, ки туро зебад ноз!
Гӯйи фатҳу зафар андар ҳами чавгони ту бод!
1 Ё кист он, ки чун ӯро бихонад, дармондаро иҷобат мекунад (порае аз ояти 62, сураи Намл). Ӯро аз ман барканор дор, ки ту ба ҳар чӣ бихоҳӣ, тавоноӣ.
2 Қайд – макру фиреб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё