Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ошўб бо чунин ҳол анҷом напазируфт. Иллириён номуси ватандорӣ карданд. Сарварони қабилаҳо Клиту Главкий муқобалат нишон медоданд. Клит дижи ақсойи мақдуниён Пелионро забт кард ва Главкий роҳҳойи асосийи кўҳсорро ба сўйи шаҳр барбаст.
Искандар дарк кард душвориро. Дарёфта буд, ки андар пушти сипоҳи ў лашкари тавлантхо ҷой гирифта ва ҳар лаҳза метавонад эшонро ба танг орад. Искандар пурандеша гашт. Роҳу усули ҳарб ҷуст: чанд фавҷи парешон пеш овард, фонашакл биорост. Талояйи сафдару сафшикан пеш гузошт ва ҳамлавар шуд ногаҳон чунон ки палангон сўйи рама. Иллириён, ки чунин овард надида буданд, чу мурғони раҳидаву хўсида аз чанги уқоб ба пар-пар даромаданд, дижу шаҳру зану фарзанд ба ҳоли худ гузошта, пойи гурез тез карданд.
Шоҳи шабрав имкон дод барбарҳойи иллирионӣ бихуспиданд осуда ва ҳуҷумовар шуд ба бонги хурўс. Замину замон пур аз доду фарёд гашт чунон ки шағолон ба мурғхонаҳо шабохун зада бошанд. Ҳамчунон шуд, ки баъди пар-пар заданҳойи зиёд аз мурғон парҳойи кандаву рехта боқӣ монд. Сари тойифа Клит натавонист истодагӣ кардан, рў ба фирор овард. Талоя овехт бар асари ў то домани кўҳ, ки замини тавлантҳо буд.
Мурдагони бесоҳиб раҳораҳ рехта буданд чу меваҳойи сармозадаву бодрезак. Зери наъли асбону суми пиёдагон монда буданд. Касеро кор набуд бар эшон. Бойист, ки хўроки зоғу заған гарданд.
Искандар дижи Пелионро забт кард ва базми пирўзӣ орост.
Тойифаҳойи шимолийи нимҷазирайи Балкан товони ҷанг бипардохтанд.
Овоза шуд, ки шоҳ Искандар фавтида андар набарди иллириёни шимолӣ. Юнониён табли шодӣ заданд аз чунин хабар, бавижа Демосфени суханвар, ки хештанро пешвойи озодихоҳони юнонӣ вонамуд мекард. Демосфен ваъз мегуфт аз боби озодӣ ва рўзгори хуш, ки юнониёни бофарҳанг дар аҳди салтанати мақдуниён маҳрум гашта буданд аз он. Войизи оташинсухан мардумро ба наҳзат мехонд:
«— Халойиқ! Авфнопазир бувад, агар Юнони мутамаддину хирадзо пеши барбарони мақдунӣ сархам бошад! Агарчӣ ҷанг на аз мост, ҷиҳод аз мост! Ҳолиё Искандари чун падар хунхор қурбон гашта андар набарди иллириёни шимолӣ. Антипатри маккор ва писари амири аэропӣ Александри линкестидӣ, ки бо писари Филиппи II ҳамном аст, сипоҳро солор мебошанд, мурдани шоҳро пинҳон дошта, сипоҳдориву пархош мекунанд... Барда будан бас аст! Озодӣ мебод Юнони бузургро!»
Ва войизони дигар – Эсхину Динарху Демад, ки бо Демосфени оташинсухан душманӣ доштанд, аз минбарҳойи баланд миёни халойиқ

пешина
аз 390
навбатӣ