Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Миёни пешонийи ин буз як шохи бузург ва аҷиб комилан пайдо буд. Кам-кам бузи кўҳӣ ба қўчи душох «Зулқарнайн» наздик шуд ва сипас хашмнок бар ў тохт ва дар ин ҳамла ду шохи ўро шикаст ва қўчи зулқарнайн дар баробари ў аз муқовамат оҷиз монд. Касе ҳам набуд, ки қўчро аз чанголаш раҳойӣ диҳад».
Он гоҳ ҳамин китоб аз қули Дониёл мегўяд: «Фариштае, ки бояд онро Ҷабрайил хонанд, бар ў нозил шуд ва рўъёйи Дониёлро ба д-ин наҳв тасвир кард, ки қўч намояндайи иттиҳоди Мод ва Порс аст. Як нафар подшоҳи қавӣ бар ин ду кишвар ҳукмронӣ мекунад. Ба тавре, ки ҳеҷ давлате қодир ва муқовамат дар баробари ў нахоҳад буд. Аммо бузи кўҳийи якшох, ки баъд аз қўч пайдо шуда, мақсуд аз он мамлакати Юнон аст ва шохи барҷастайи миёни пешонийи ў далолат бар аввалин подшоҳи он сарзамин мекунад».
Ман метавонистам ин санадҳоро якрост аз «Таврот» ё «Қуръон»
дар ин «Дебоча» бикўчонам, чун хонанда сахтгир ва баъзеҳо нобоваранд, китоби «Куруши Кабир»-ро муттакойи хеш донистам.
Мавлоно Абулкаломи Озод баъди он ки бо бурҳони қотеъ аз китоби аввал истинод карда Куруш будани Зулқарнайнро собит мегардонад, баройи тақвияти фикри хеш далелҳойи дигар меорад:
«Дар «Таврот» боз ғайр аз «Сифри Дониёл» дар ду сифри дигар низ пешгўйиҳое ҳаст, ки мо акнун аз он сухан хоҳем гуфт: ин ду сифр (бахш) иборатанд аз сифри «Яшъиёҳ» ва сифри «Ярмиёҳ».
Дар сифри аввал номи Куруш айнан сабт шуда ва фақат сурати арабийи Хуруш (Хуршед) дорад».
Ва бурҳону санадҳойи зиёде овардааст мавлоно дар китоби «Куруши Кабир», то собит гардонад, ки Зулқарнайн Куруш аст, на Искандари Мақдунӣ.
Чун муроди ман тадқиқот нест, баройи огоҳийи хонандайи азиз кунҷкобӣ кардам, санад овардам, то донанд, ки Искандари Мақдунӣ бо он хунхорӣ, қатли ом карданҳо, зулму ситам, андар ҷазирайи Тир ду ним ҳазор ҷавони шуҷоъро маслуб кардан, бо оташ задани Тахти Ҷамшед, сўхтани китоби «Авесто», ғорату бурданҳо наметавонист пайғамбар бошад, агарчӣ лақаби Зулқарнайнро мегирифт.
Ва «...китоби дини яҳуд тасреҳ мекунад, ки Куруш фиристодайи мунтазари (назаркарда) Худованд ва Масеҳи ўст, ки баройи басти адл ва дод ва фароҳам овардани хушнудийи худи ў баргузида шудааст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё