Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Аммо писарак маънии ин суханро нафаҳмад ва аз таги фўки бибӣ нигоҳ кунад: «Ў чӣ мегўяд?»
— Дар чашмони роғат ҷонам-э, очаро ёд накардӣ?– ба таври худ дилдорӣ кунад ў, аммо дарк накунад, ки чӣ қадар сахт расад ин ҳарф.
Кўдак гирист; рўй аз кампир пинҳон карданӣ шуда, ба банди дили бибӣ ҷафс гашт. Баъд гирист, чунон гирист, ки Моҳбӣ аз гуфта пушаймон шуд. Так зад, боло зад: «Ҳо, Лайлӣ!» хонд, ҷунбиду рақсид; хандиду абрў парронд, ўро хап карда натавонист.
— Э, гўр ман шавам-э! Дилата об кардам!
Баландтар гирист кўдак, ҳиқ-хиқ кард кўдак ва то Моҳбӣ аз ин даргоҳ нарафт, гиряаш басанда нашуд.
— Ман матал мегўм, ту бихоб: Буд, набуд, будгор буд, замин набуд, шудгор буд, як кали арзанкор буд, дар кор кардан бемор буд, дар хўрдан тайёр буд; ин ҳама дурўғ буд, як коса дўғ буд:
кампир хўрад, ба гўр равад, духтар хўрад ба шў равад, писар хўрад, сафар равад... Ва марде камбағале буд, аз ин дўғ хўрду ба умеди адолату ҳақиқат ба сафар баромад. Ҳай гашту гашт, ҳай кофту кофт, ҳақиқатро наёфт, сарсону саргардон шуд...
Камбағалро дар сарсониҳо монему аз оилааш хабар гирем:
баъди рафтани камбағал занаш писар зоид... Писар калон шуд.
Рўи падар, ки надида буд, ёди падар кард. Рўзе модар гандумбирён кард ва як каф ба писар дод. Писар мушти модарро сахт дошт: «Ҷои падар гўй», гуфт. Модар ҷои падар нагуфт, ки писар сарсон мешавад. Писар мушти модар сахттар пахш кард. Дасташ аз гандумбирёни тафсон сўхт ва ҷои падар гуфт:
— Падарат дар мулки дур. Агар ба суроғаш равӣ, аз пеш се роҳ барояд: яке раву наё, дигаре раву биё ё набиё, саввумӣ раву биё... Ба роҳи аввал намеравӣ, ба роҳи дуввум намеравӣ, ба роҳи саввум меравӣ...
Писарак ба сухани модар гўш накарда ба хаёл рафт, ки чаро роҳҳо ҳар гуна бошанд, ҳама чаро ба як роҳ нараванд? Писарак дасти модар сар дод. Нону гандуми бирён гирифт ва ба суроғи падар баромад. Рафту рафт... ба сероҳа расид. Дар сари роҳҳо навишта шуда буд: «Раву наё, раву биё ё наё; раву биё... Писарак фикр кард, хаёл кард, сухани модар ба ёд овард, ба қароре омад:
ба роҳи «раву наё» рафт. Рафту рафт, чизе надид ҷуз дашти холӣ ва морони газандаву сусмор, ҳайвонҳои дарранда. Рафту рафт, аз ташнагӣ лабонаш карахш баст. Монда шуд. Шишт, то дам гирад.
Борхалта зери сар ниҳода дароз кашид, хобаш бурд. Ба гўшаш як садои бадвоҳима даромад ва чашм кушода девбодеро дид, ки миёни дашт чархидаву рақсида меомад. Омад-омаду назди ў қарор гирифт ва аз миёнаш деве пайдо шуд – дандонҳояш газ-газ буд, ҳар як тори абрўяш мисли думи хар... Ҳа, писарак Ёдгор ном дошт. Ман номи туро аз рўи номи ҳамон бачча мондам, чунки ў Ёдгори падар буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ