Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Якдилӣ ва аслиҳаи зўр гуфтанӣ ҳастӣ? Ҳамин хел-а?... Ҳамин хел. Чӣ, вай надорад? Ду даст дар бинӣ ба ҷанг медарояд? Не-е...
Ветнама мезанад. Ҳар рўз хабар, ки ин ҷоро гирифт он ҷоро ги-
1 рифт... Вай хитир: аввал давлатчаҳои хурдро мегираду сонӣ ба калонаш ҳуҷум мекунад.
— Не-не! Ин хел не!
— Ҳардуямон ё боз ягон кас ҳаст?
— Ҳардуямон.
— Росташа гўй, ҳамин Хитой ба хоки мо даромадааст ё не?
— Не! Дурўғ!
— О даромадааст, мегўянду?.. Ҳа боз ту нағз медонӣ... Кӣ омад?
Меҳмон баъди бо Ормон бағалкаш вохўрдӣ кардан кавшашро кашида рўи кўрпача гузашт ва дасти пирамардро гирифта салом кард. Пирамард банди дасти ўро дошта «Қудо!» гуфт. (Ў аз бози нобиною гаронгўш шуданаш одамонро аз банди даст, ангуштони каму зиёд ва тарзи дастдиҳию вохўриашон ва ё аз сустию силтави дасташон мешиносад.)
— Ҷўраюф! Камнамо? – аз қудо мепурсад ў ва мунтазири ҷавоб вораҳои бедандонашро мекушояд, ки бо даҳон ҷавоби ўро мешунида бошад.
— Кор мўл!
— Кор мўл?.. Дар ин дунё як ман бекор будаам-дия, – гуфта пирамард завқ кард ва сонӣ сўи хона рў оварда фарёд зад:
— Келинчак! Ҳо, келинчак! Ҳамин ҷоҳо ҳастед!? О дастархон биёред!
— О, ин қадар чӣ мегўед? – дастархон оварда мепурсад Келинчак.
— Зани Сафаров бодаринга тухм барин пўст канда назди шавҳараш мегузорад...
— Шавҳараш дандон доштагист-дия.
— Чӣ гуфтед?
— Мегўм, ки як кас не, ки шумоя кино гирифта ба халқи олам нишон диҳад.
— Ва-а-а, неки рост гуфтӣ... Ду ҷўра будаанд, – қарина кушод пирамард.– Ду ҷўра будаанду рўзе ба ошхона даромада хўрок хўрдаанд. Хўроки ошхона таъомҳои ошхонаҳои шаҳри Ормонино барин оби раббано будааст. Қариби сер шудан даҳони ҷўраҳо мағзоба баровардааст. «Ҳамин хўрокро дар хона пазанд, намехўрем»
гўён ба таърифи таъомҳои дасти занҳошон даромадаанд. Баъд ба тавсифи дигар ҳунарҳои завҷаашон гузаштаанд. Сонӣ суҳбаташон ба баҳс гашта, ҳар кадом ҳунари занашро бологир кардаанд. Яке
- Сипоҳ, доно, доғулӣ гуфт: Зани ман хўроки олӣ мепазад ва чунон меҳмондорӣ мекунад, ки дар так-так набошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё