Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Фақат доғи пешонӣ чун рўи харошидаи моҳ, дар назари аввал, ҳусни ўро халалгор намояд, вале бо диққат нигарӣ, зебо гардонад.
«Барои ту хонам, Саида» нўги забонаш гардад, аммо нагўяд. Ин ҳарфи рост аст; гуфта нашавад. Агар дурўғ буд, агар сипоигарӣ буд, агар барои фиреби дурўза буд, албатта Ромиз мегуфт. Боз чун мегуфт: мисли дигарон пеши зан обу адо гашта, сахт оғўш ва оҳу воҳ карда, бо нидои сўхтаму пухтам мегуфт, то бовар кунад. Вале Ромиз аз он тоифа мардон нест. Барои Ҷаҳоноро низ хитобаҳои зиёде, суханҳои бисёре ҷамъ кунад, чун рў ба рў ояд, ҳама аз сараш паранд.
— Нагўӣ-а, Ромиз?
— Чиро? – гўё саволи Саида аз ёдаш рафта, пурсад ў.
— Шеърро барои ман хонӣ?
Ромиз боз ҷавоб нагуфт, бари рўи ўро сила кард. Посух чунин.
Саида ин чизро донад, вале хоҳад, ки ў ба забон ояд.
— Як бор «ҳа!» гўй Ромиз!
— Ҳа, ҳа, ҳа!!!
— Акнун ман беормон мурам...
Ромиз надонад, ки ба ў чӣ гўяд. Даст дар рўи Саида, ду ангушт нармаи гўши ўро сояд. Саида табассум кунад, сонӣ хандад. Ҷои дандони афтидаи паҳлўи рсташ намояд. Гўё дар чунин ҳолати хуб ў қасдан намояд; «чаро дандони тилло намонӣ?» гўяд.
«Ту донӣ, ки чаро чунин рафтор кунам, Саида? Надонӣ. Худам ҳам надонам... Ў ҳам надонад. Дили ў ба ту сўзад. Дар ҳаққи ту суханҳои нек гўяд, таъриф бикунад ва ба ман гўяд, то туро наранҷонам. Ў ҳамин хел одами хуб. Инро ту ҳам донӣ. Ба ман ҳам дағалӣ накунад, наранҷонад. Дили маро мефаҳмидагӣ барин...
Шояд барои ҳамин... ман... ман ўро... Не... Шояд аз ҳамин сабаб ўро дидан хоҳам... Ту аз ҳеҷ кас кам не, Саида. Хости худам барин.
Боз надонам, ки барои чӣ... Не, ин дўстдорӣ набудагист. Бовар бикун, дўстдорӣ не. Ҳамту дилам хоҳад, бубинам. Дилам хоҳад, нахоҳад... Баъзан дилам хоҳад, поям кашад. Чун ту пеши назарам оӣ, поям накашад. Аз нимароҳ баргардам. Чун ў дар бораи ту гап сар кард, дилам нахоҳад... Ин чӣ-а, Саида? Ин чӣ маънӣ дорад?..
Ман нафаҳмам... Ман ўро аз дил берун кунам, боз ояд. Чашм пўшам, миёни миҷҷаҳоям монад. Надонам чӣ кор кунам... Ту ҳа надонӣ. Ту ҳам натавонӣ, ки ёрӣ диҳӣ... Ин муҳаббат аст ё ҳавас?
А, ин чист? Муҳаббат ё ҳавас? Намедонӣ...»
— Саида, хобӣ?
— Не, нигаронам, ки шеър хонӣ...
«Нигарон, то шеър бихонам... Хонам, ҳоло бисёр шеър хонам, лекин ҳозир вақти шеърхонӣ набувад,.. Ту аввал гўй, ки ин дард аз куҷо ба ман часпид? Аз ту бадӣ надида бошам, бевафоӣ надида бошам... ё... Айби иҷорашинӣ? Дар шаҳр дигар ҷой набудагӣ барин дар ҳамин кулба ҷой гирифтем... Ҷой бисёр, лекин он ҷо Мулло-амаку Хола-мулло нестанд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо