Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ў то ин дам ситеза карда, ба қавле нозу қаҳр карда мегашт, вале имрўз барои «меҳнатнома» омада буд, ки аз қайди театр барояд.
Мисли касе, ки зўран аз ҷою ҷалолаш маҳрум мешуда бошад, хориаш омад. «Аз худам гузашт» гуфта худдорӣ кард ва гўё гиряи
1 дар гулў омадаро чун Турфалдинои гурусна нонро фурў бурд. Ва гумон кард, ки гиряаш-ашкаш низ арақ шуда аз сару рўй рехт.
Гиряи одами калон аламовар, вале гиряи бачча – кори одат. Ва агар Ромиз барин ҷавонмарди чаҳор кас медидагӣ гиря кунад, ба дўстдораш ҳам сахт мерасад. Не. Ромиз тобовар аст. Аз зарба, дашном ва шаллоқ аламаш наояд, аммо ба пастигарӣ ва нокасӣ тоб наоварад. Беҳтар, ки ба фарқи сари ў як табар зананд, вале дар рў ба рўи ў пастӣ накунанд. Аламаш ояд. Рафту барои нафси худ одамфурўшӣ, рафиқфурўшӣ, нокасӣ ва ё худро ширин кунанд, аҷал бошад.
— Дўстонатро хафаю душманонатро шод накун, Ромиз! – дилшикаста гўяд Хуршед, ки ҳуҷҷат гирифтани ўро ҳазл пиндошта буд.
— Ту гуфта будӣ, ки баъди бо Фозилови шўъбаи маданият вохўрдан дунёро, одамонро дигар хел тасаввур кардам...
— Бале.
— Хайр, акнун чӣ? Ба театри «Ҷавонон» меравӣ?
— Не, ба театри «Пирон».
— Ё ягон маъшуқаи миллионер ёфтӣ?
— Ҳа... – фарёд зада «ҳа!» гуфтанӣ буд ў, вале вақти рафтан Хуршедро хафа кардан нахост...
Аммо дар шўъбаи коргузорӣ ҳуҷҷатҳои ўро надоданд: «Ҳоло ба номи шумо «меҳнатнома» накушодаанд» гуфтанд.
— Барои чӣ? – ҳайрон шуда пурсид Ромиз.
— Барои он ки практикаи шумо дар ин театр тамом нашудааст.
— Кай тамом мешудааст?
— Ҳамон вақте ки... ҳамон вақте ки... – гуфта натавонист сардори шўъбаи коргузорӣ.
«Кӣ ба онҳо фармуда бошад, ки ҳуҷҷатҳои маро надиҳанд?
– худ ба худ савол кард. – Кӣ? Фозилов?» Китф дарҳам кашид ў ва ҷои рафт надониста бар пошнаи пои чап як бор давр гашта, гўё атрофро аз назар гузаронд ва ҷои кори ояндаро муайян карданӣ шуда, боз манаҳ соида ба хаёл рафт. «Дар завод рафта рол бозӣ карда нашавад, барои ҳунар омўхтан дер шудааст, ин кори давраи ҷавонӣ... барои хиштчин, гилкор, дуредгар ва ё барои ранггару пардозчӣ шудан ҳам ҳамаро аз сар омўхтан лозим. Ман дар ин соҳа пиёда... Туро кӣ гуфт, ки дар ҷойҳое, ки конкурс доранд,
- Аз «Хизматгори ду хоҷа» ном песаи Карло Голдонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё