Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мадори дасту пои Ромиз хушк шуд. Манаҳ соид ва паси гўш.
Бовар накард. Гўё ба баҳонаи паси гўш молидан гўшҳо маҳкам медошт, ки чунин гапҳоро нашунавад. Ў аз худ рафта буд, чизеро дарк карда наметавонист, касеро намедид, чизеро намешунид:
«Дурўғ, ҳамааш дурўғ, маро фан кунанд». Дасте аз зери каши ў гирифта ба зинаҳои театр наздик овард, вале Ромизро мадоре набуд, ки ба зинаҳо пой гузорад. Вай баргашта ба Хуршед нигарист: «Рост аст?» Хуршед ба ҷавоби нигоҳи саволомези ў сар афшонд ва аз дидааш ашк ҷорӣ шуд. Хуршед ўро дошта ба дари театр наздик овард... Асбобҳои миллӣ нола доштанд. Ромиз хост баробари онҳо фарёди баланд занад, аммо мадор накард. «Дод!
Дод!» дили ў фарёд зад. Садои мусиқии «Наврўзи Аҷам» боло шуд.
Ба гўши ў расид, ки дару девор нолад: «Ин чӣ рўзест?» Ҳофизон аз «Шашмақом» мақомҳо мехонданд. Ҳай месурўданд онҳо, ҳай нола мекарданд онҳо. Занги дил мезудуданд онҳо. Касонро ба худ меоварданд, нокасонро ба кас шудан илқо мекарданд. Ҳар кӣ дар толори кушоди даромадгоҳи театр буд, анҷоми рўзи худро фикр мекард. Ҳар кӣ ба дигаре хусумате дошт ва ногап буд, мехост аз дил барорад, оштӣ кунад. Ва фикр кард, ки агар дар ин дунё аз дасташ некие меомада бошад, баҳри барҷомондае, эҳтиёҷманде бикунад. Дар серӣ ва мастӣ кас чунин чизҳоро андеша накунад.
Фақат дар чунин ҳолатҳо; вақте ки ашхоси бузург ва дарвешонро ба хок супоранд ва ё назди гўристонро гузаранд, чунин андешаҳо кунанд: Дунё чист? Дунёиву дороӣ чист? Оқибати инсон чист? Охирин манзили ў куҷост?.. Ҳо, ҳар чиз ҳадд дорад, ҳисоб дорад; агар хуни кас дар ҷўш бошад, ин чизро фикр накунад. Дар паи рўзию рўзгор ва аз барои нафси худ ҳама чизро фаромўш кунад.
Тобути Ғиёс дар миёнаҷои толор. Се қадам дуртар аз ҷое, ки ў ба сар афтидааст...
Каллаи калони ў бо дока баста. Абрўвони сиёҳаш базўр намоянд. Рўи пуррааш пурнур, лабонаш табассум доранд. Гўё мардумро фиребад. Намурдааст: чашмаш ҳам нимпўш. Куртаи сафед, костюми сиёҳ дорад. Фақат ордену медалҳои қатор дар сари сина нестанд; онҳоро паҳлўи сағона чидаанд... Ҳатто писари хунии ў ин нишонҳоро гирифта натавонад; танҳо нишонҳое моли ў шуда тавонанд, ки аз Ғиёс ба ў гузашта бошад; аз қабили хол ё ягон нишонаи бадан... Ҳа, ҳў ҳамон писараке ки ҷомаи беқасаб пўшида, бо фўтаи шоҳии кабуд миён бастааст, тоқии сиёҳи чоргул пўшидааст ва бо рўймолчаи тар лаҳза ба лаҳза оби чашм пок мекунад... Рост, ў ҳадде надорад, ки ордену медалҳои падарро гирад, фақат тавонад тамошо кунад. Баъд, вазифаи ў дигар, ҷанг кардан не, балки бо роҳи дигар – бо роҳи сулҳу салоҳ, бо меҳнат ва бо қудрати ақлу хирад соҳиби ордену медал шудан. Падар ҳамон дунёии сари синаро ҳамчун ибрат ба пасовандон мерос гузоштааст... Ҳа-а, ў маргро пешвоз гирифтааст. Аз рафтораш, ки гапи касеро намехўрд, барои ҳақиқатро гуфтан талош мекард...

пешина
аз 428
навбатӣ