Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Шумо медонед, ки аз Душанбеи кўҳна танҳо хок ва ду чинор боқӣ мондааст...
— Ман намедонам, мо ин ҳавлиро харидаем, – бепарво гуфт Хола-мулло ва рўй ҷониби Саида гардонд, вале аз ин гапҳо ва чунин рафтор кардани занак Ромиз чизе нафаҳмид. «Ҳар куҷо санг омад, ба пои бузи ланг омад» аз дил гузаронд Ромиз ва дигар ба гапи онҳо, ба нигоҳҳои рамзомези занҳо аҳамият надода канор рафт, ...Ромиз пуралам ва пурғазаб аз дарвоза баромад. Ҳайрон буд, ки чаро соҳибхона – Хола-муллои меҳрубон яку якбора чунин рафтор кард. Чӣ гап бошад? Наход ҷаҳонорои дилозор боздиди оншабаро омада ба инҳо гуфта бошад? Дар ҳақиқат агар гуфта бошад, Мулло-амак ранҷида ин корро ташкил кардааст... Ҳа-а, бебало нагаштам. Чашм дар пеши пой ва даст бар манаҳ қадам мезад ў. «Ҷони ман! Худои ман!» худро тасаллӣ медод.
«Гумроҳ ту. Фикр накардӣ, ки романҳои хоси ашрофзодагон кайҳо аз байн рафтаанд. Ҳоло аз он асарҳо барои баччаҳо филм созанд, гарчӣ навишти онҳо кори ҳар қаламбадаст набувад. Хомзода, беандеша, ба сари кӣ тиру найза занӣ, мушкетёр? Мизро ба пешбандии кадом лашкар чаппа бикунӣ? Бо кӣ мубориза барӣ?
Муаллимат муборизаи дохилии асарҳои саҳнавиро гуфта буд, аммо... Гап байни ману ту, Ромиз, мубориза ба ягон кас лозим нест. Модом ки масъалаҳо худ аз худ, хушӣ ба хушӣ ҳал шаванд, мубориза чӣ лозим? Ҷанг чӣ лозим? Куштор чӣ лозим? Сўхтор чӣ лозим... Одамгарӣ лозим, одамгарӣ... Ин кори осон, вале аз дасти ҳар кас наояд. Ту ҳам ин корро карда натавонӣ, Ромиз, лекин метавонистӣ ба воситаи актёриат ин чизро ба мардум нишон диҳӣ, ҳайҳот... Ту на баҳодур ҳастӣ, ки касеро аз ҳалқаи дор бозгардонӣ, на Ҳотами Той, то касеро мушкил осон кунӣ, на роҳбар, ки бекорро ба кор гирӣ, на, на, на... Истеъдоду ҳунари худро ба роҳ монда, аз минбару саҳна метавонистӣ андарз гўӣ...
На! Замони панду андарз ҳам гузашта... На-а-а!!!... Мулло Ромиз, ин ҳама аз назари дигарон... аз назари дигарон: ту бодӣ, ту гумроҳ, ту сабук, ту беақл, рўинатан, беҳаё, худбин... ва чи қадаре ки аз ин сифатҳо бошад. Туро нағз дидан мумкин не. Ҳаминро дидаю дониста, Ҷаҳоноро низ як бор рў ба рў шуду худро пинҳон кард; чашм ба чашм нашавам, мегўяд. Рафту дар ҳақикат ба Мулло-амак ягон чиз гуфта бошад, хуб нашуд; дубора бо ў рў ба рў шудани ман ҳам аз рўи одоб нест... Не-е, Сиёҳчашмаки ман, хобатро ба об бигўй; ман ҳама чизро гум кардам, бояд ғизоли зеборо ба даст орам. Туро, фақат туро – ту паррандаи зеборо... Ба рўи гандумгунат, ба биннии хушсохти хурдат, ба абрўвони сип-сиёҳат ва аз ҳама баъд ба чашмони сиёҳи сиёҳат нигоҳ карда шинам. Дер, бардавом. Чашм наканда, то оташи дилу дидаам об бишавӣ ва оҳиста сар ба сари синаам бигузорӣ, муддатҳо биистӣ, бихобӣ, бихезӣ ва ҳама чизро бифаҳмию дарёбӣ, то ман ҳам пиндорам, ки ҷустаамро дарёфтам, худамро шинохтам, ба қадри ту, ба қадри худ расидам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё