Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Чанорҳойи ҳотайи кохи амрози қалб пойизӣ шуда буданд. Зери пой пур аз хазони барги чанор буд ва баробари наҷвойи баргу шохаҳо ва хазонҳо садойи Лоиқ ба гўш мерасид:
«Хазонрезу хазонрезу хазонрез,
Чаро умри ҷавонӣ бигзарад тез?»
Чӣ аҷаб аст, ки Лоиқро дар шарҳи ҳоли хеш сухани нагуфта намонда. Аз нозодагӣ то даруни гўр: тифлӣ, ҷавонӣ, мардиву ҷавонмардӣ, пирӣ, марг, тобути гулафшон, нутқҳойи дароз, лавҳи мазор ва ҳама чизе ки ба мурдаву зинда тааллуқ дорад гуфтааст.
Вале чаро ин қадар зуд? На! Бояд вазнинтар шуда бошад.
Эй афсўс-э! Ин сори бечораро чӣ дард расида бошад, ки миёни хазонҳо пар-пар мезанад, вале мадори паридан надорад. Болаш кашол. Пояш низ вазнашро бардошта наметавонад. Ман ҳар субҳу шом садойи ўро мешунидам; мехонд аз шохсор. Он қадар хубу форам, ки баъзан ҳазордастон надорад чунин наворо, чунин садоро.
Пар-пар мезанад пеши пойии ман, то мададаш кунам. Ё дар чунин ҳол ҳам меҳаросад аз одамӣ, ки шояд насносе ўро ба чунин ҳол оварда бошад: ё тири адўе расида, касе бо камонғўлак ин корро карда, ё аз санги душохайи дасти кўдакон шуда. Ба ҳар ҳол кори одам аст ё кори боз ноҷавонмардона.
«Эй ҷонвар, чӣ кор кунам бо ту? Назди Лоиқ барам? Ё ту рўҳи ўстӣ, ки ба пешвози мани нотавон баромадӣ, то огоҳам кунӣ, ки «натавонистӣ! натавонистӣ! натавонистӣ! Рафиқиро, бародариро, ҷондориро ба ҷо оварда натавонистӣ!» Рост мегўйӣ, натавонистам ўро ҳифзу ҳимоя кардан. Акнун чун Рустам ҳазор сол рўйи даст бардошта гардам ҳам Лоиқ намеояд дигар мисли Сўҳроб... Э не-йе! Вай зинда аст. Мисли ту боли парвоз надорад, забони гўё надорад! Эй Сор! Дунёро бубин: райиси забони тоҷикон бошӣ, шоҳи забондонон бошӣ, лойиқи шоирон бошӣ... ва натавонӣ гоҳи зарурат чанд сухан гўйӣ?! Ақаллан «Вопасиннома»-ро хонӣ. Медонам, ки ҳама аз худат розӣ, аммо нагуфтӣ, онҳоеро, ки пинҳону аён дар ҳаққи ту хубу нохуб рафторҳо карданд, Худованд чун биёмурзадашон? Ба донистӣ ман ба касе бадӣ намехостӣ; шояд омурзишат ҳамин бошад ва ҳамайи онҳоро ба Худо супорида бошӣ, ки подошу кайфарашон диҳад? Ту чӣ мегўйӣ, Сор? Охир ту ҳам аз бегуноҳтарин паррандагонӣ, ки ба гуфтӣ Рўдакӣ аз шохсор месаройӣ. Вале ҳоло чаро миёни хазонрез мондайӣ. Охир ман рўзи ҳаштум аст, шому саҳар дар ҳамин роҳам, туро дучор наомадам, дар чунин ҳол надидам... садоятро мешунидам, аммо...
аммо ин саҳар...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор