Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шарифбек: Баройи ободийи хонадони устод Лоиқ! Устод ҳамин хел умр бинанд, ки аз дари хона аз Ораш гурезанд... Фарҳод!
Мастон! Ягон чиз аз ман кам буд?
Мастон: Баройи ҳамин об хўрдам, ака!
Фарҳод аз аввал то охир ором ва хомўш. Ҳамаро мушоҳида мекунад ва сигарет мекашад.
Лоиқ: «Чанд бо аҳли тараб даст дар оғўш кунед...»
Машшоқон нохун мекунанд.
Лоиқ: Ҷуҳудон баройи нигоҳ доштани санъати мо хидмати бузург карданд. Мо на гўш мекардем, на ба мазмунаш сарфаҳм мерафтем. Ман гумон доштам халқи мо ягон зарра бо санъат кор надорад. Ба гулў мехонанд. овози дил, сўзи ҷигар нест... Ба Барно баҳс надорам. Нотакрор. Сироҷ Сафар беназир, Темур Ҷалол пешгузаштайи Боймуҳаммад Ниёзов...
Афзалшо: Яҳудиён як хидмат карданд: аз дасти баъзеҳо «Шашмақом»-ро ба мо баргардониданд.
Лоиқ: Тамоман дуруст!
Соҳиб: Худо касе касал нашавад. Дармонгоҳҳову беморхонаҳо аз касал пуранд...
Лоиқ: Ҳамаро кушт, гў!
Ханда.
Соҳиб: Дар Тоҷикистон 3800 беморхона ҳаст. Устод аз байни ҳамин қадар беморхонаҳо ҳар сол омада, дар беморхонайи мо як бор хоб мекунанд. Баройи мо ифтихор аст. Духтурҳойи хуб дорад...
Лоиқ: Духтарҳойи хуб дорад.
Соҳиб: Баройи дили бузурги устод!
Лоиқ: Шаб фикр кардам, то чӣ гўям? Ҳам вай задем, ҳам май задем. Ҳам қалам задем, ҳам қадам задем. Ҳамроҳи Холмурод Шарипов ва акайи Сабзалӣ қадам зада ба ин ҷо омадем... Устод Сорбон роҳ тоза карданд баройи 60-солагийи бандайи ганда.

«Об занед роҳро, ин ки нигор меравад,
Мужда диҳед боғро, бўйи баҳор меравад.»

Шаби дароз нахуфта, як рубойӣ ҳам гуфтам. Агар хотирам заъиф нашуда бошад, мехонам:

«Бар шаст расидаму ба шаст афтодам,
Аз қуллайи ормон ба паст афтодам.
Он сайди рамидайи тапишҳо будам,
Бо пойи худ омадам, ба даст афтодам.»

  1. Наберайи шарикийи онҳо, ки гоҳи аз дар баромадан ба бобояш мечаспид Афзалшо: Ҷоншааа!!!
пешина
аз 428
навбатӣ