Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо ҳам ба даҳони сарварон менигаранд, ки чӣ мегўянд.
— Ин ҳарфатон дуруст. Ба наздикӣ дар ноҳияе будем. Ҳокими он ноҳия шоиронро ситойиш кард ва фармуд: чанд рўз пеш тариқи телевизион дидем, ки шоири маҳбуби мо бо Райис паҳлў ба паҳлў истода сурат мегиронданд.
— Ба шумо гўям, ки ҳамин хел чизҳо ҳам лозим. Ба шумо, ки чизе лозим нест, эътибор намедиҳед. Ба худо, касоне ҳастанд, шабурўз фикр мекунанд, чӣ гуна ба дидори ин ё калоншаванда расанд ва корашонро туфайли ў буд кунанд. Лекин кор кори шумо.
«На теву на тела те.»
— Хайрият ҳастед, ки маро водор мекунед аз чунин чизҳо, вагарна ман намедонам, унвонаш чисту мукофоташ кадом.
— Надоред, баройи ҳамин намефаҳмед, медоштед, мефаҳмидед.
— Шукр ба надоштанам, агар медоштам, ба мурод расидам, гуфта кайҳо мисли «халқиҳо» навиштанро қатъ мекардам.
— Чунки онҳо аз аввал қатъ карда буданд ва аз пайи «халқӣ»
шудан медавиданд.
— Хайр? Баъд чӣ шуд, Осмон? – ҷилави суханро ба шоҳроҳи аввал гардониданӣ шудам. – Устод тоза баромаданд ё...
— Тоза, тоза! Устод баройи мардуми раҳгум ба миёна даромаданд ва роҳи наҷотро ба онҳо намуданӣ шуданд. Ин чиз нафорид ба бисёр касон. Ҳатто ба баъзе ҳамкорон. Буданд касоне, ки «кордор нашавед, монед, гўшти якдигарро хўранд ин бародарони ношукр» мегуфтанд.
— Кам нахўрданд гўшти якдигарро, – гуфт Лоиқ ва пораҳойи ғазали машҳурро хонд:

Ҷабри торих ягон қавм надидаст, ки мо,
Заҳри торих наҷоде начашидаст, ки мо.
Миллате зери фалак бо ҳама фарҳанги сутург
Ин қадар зиллату хорӣ накашидаст, ки мо.
Миллате дар раҳи тақдир бад-ин танҳойӣ
Ба чунин вартайи муҳлик нарасидаст, ки мо.
Миллате аз қалами рафта бар аъмоли башар
Ин қадар бўйи уқубат нашамидаст, ки мо.
Миллате беҷиҳате бо сари пуршўру баланд
Дар сари дори аҷониб натапидаст, ки мо.
Ҳеҷ қавме ба чунин нокасиву нохалафӣ
Хуни ҳамхуни худашро намакидаст, ки мо.
Миллате дар ҳама айём бад-ин бешарафӣ
Синайи модари худро набуридаст, ки мо.
Ҳеҷ кас зери ниқоб омада баҳри зару сим
Ҷигари ҳамнасабашро надаридаст, ки мо.

пешина
аз 428
навбатӣ