Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гоҳи сухан гуфтан дастонаш бозӣ намекард, аз гуфтаҳояш ҳаловат намебурд. Ва агар сухани мувофиқ ё байти хуб ё шеъри дилхоҳ гуфтан мехост, ба зудӣ сари забон намеомад.
Ба назар теғи тезу гузаро кунд гашта буд. Намефорид. Чунинаш намефорид ба табъи ў.
Ва дер напойид чунин ҳол. Ҳар лаҳза модарро ёд мекард. Ба Душанбе меорам, гуфта Панҷакат рафт. Модар дами дар пешвоз гирифт ва бўсаборон кард. Ба лаҳҷаву шевайи мазорӣ мураму зиям гуфт. Ў нафас рост накарда, Низомиддин бўй бурда, омад ва ўро ҳамроҳ бурданӣ шуд. «Сабр бикун, аком биёянд» гуфт Лоиқ ва ба баҳонайи «дуд» бурун рафт. Зери дарахти себ. Бо пошнайи кавш хоки нарми бехи дарахтро тит кард. По зад – по заду пошнайи пиёлайи пасрў гўр кардаро намойид.
— Э ҳан-э?! Қавли гуркарда миковӣ? – садойи модар омад аз айвони болохона.
— Оча-оча! Пиёла рўйидааст аз зери хок!
— Ҳан... Бири ту устухон ҳам аз хок мируяд. Ту Исонафас-дия!
Кадом чиниворӣ сабзидааст, ки пиёлайи ту аз хок рўяд?
— Як бор рўйидааст-дия, оча! Худованд ин чизро ба ҳар кас насиб намегардонад.
— Худойи Худованд ҳам медонад ба кӣ насиб гардониданашро.
— Очаҷон! Пиёла рўйид аз хок! Ба ҷуз одамӣ ҳама чиз аз хок мерўйидааст.
— Ту бо ҳамон донойит мана фиреб карда намитонӣ. Одаму пиёла аз хок аст ва як бор меруяд...
— Ҳоҳ очааа, дар он калла ҷонам! – садо дардод Лоиқ ва пиёла аз дасташ афтида ба сангпорайи бехи дарахт бархўрда шикаст.
— Пиёла шикаст, қасами ту ҳам шикаст. Ту бири ҳамин омадӣ, бири мана Душанбӣ бурдан наомадӣ.
— Баройи шумо омадам, оча! Ёд кардам, хоб дидам, омадам.
Акнун мебарам пеши набераҳоятон.
— Ҳамин қадар мигуйӣ, худохайрӣ диҳад. Сарам ба осмон расид. Хилӣ тоқат кардӣ, ман розӣ. Сарат аз санг. Худо бахту иқбол диҳад! Ба касӣ муҳтоҷ накунад. Ба дуст зор, ба душман хор нагардонад...
— Ако!
— Лаббай!
— Қиссайи осиёбравӣ чӣ гуна буд?
— Кадомаш? Мо осиёб бисёр рафтаем.
— Қиссайи хару ҷувол.
— Ин яке аз қиссаҳо. Мо муштак мебурдем: ним халта, чоряк халта, баъзан як халта – гандум, ҷав, ҷуворӣ, арзан. Боре як ҷувол гандум бурдем. Ману Лоиқ аз дунболи хар мерафтем; ба назарамон ҷувол гаронтар ва бузургтар менамуд аз хар.

пешина
аз 428
навбатӣ