Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва мо ҳамнишинони ў низ намефаҳмем сурўдаҳойи ўро. Пиндорем, Лоиқ ҳамлуқмайи мост; хуб мебинемаш, хуб медонемаш, хуб мешиносемаш ва гўё шеърҳояшро аз бар кардаем, гоҳо аз забони сарояндагон шунидаем ва қаноат бар он дорем; гўё беҳтар аз мо Лоиқдоне нест. Ҳайҳот, чизе намедонем, чизе аз бар накардаем, сурўдаҳойи ҳофиз аз як гўшамон даромада, аз гўши дигарамон баромада, сарамон чун бонкҳойи бепул холист. Кароматуллойи Ятим ба нишастагон менигарад як-як, сар меафшонад ва «Ҳардушон зўранд» мегўяд, Лоиқу Олимро дар назар дошта ва меафзояд: «Устод, мо дар асри шумо зиндагӣ мекунем ва шояд ба туфайли шумо номи мо ҳам дар ягон гўшайи навиштаҷот дарҷ гардад. Зинда бошед Устод!
Баройи шумо!»
Лоиқ гардан тоб дода менигарад ба ў ва мегўяд:
— Ҳамон вақт ҳам нотарс будӣ... Вақти ҳамроҳи Мақсудҷон кор карданат.
— Нотарс будем, ки дастамон шикаст. – ишора ба дасти бар гардан ҳамойилаш кард Кароматулло.
— Натарс! «Дастам шиканад, ба гарданам овезам.»
Лоиқ аз шеъри таърихийи хеш мисрае овард ва аз ҳозирҷавобийи ў ҳама баробар завқ кардем.


Ва он рўз Лоиқ ҷониби модар оғўш кушода омад. Сархуш буд.
Вале модар сар тофт. Рўякӣ сар тофта, ҷониби ў нарафт; чун одат баччаашро канор гирифта набўсид; гўё қаҳр дошт. Дар асл ноз буд. Дар таги дил шодмонӣ мекард, ки писари азизаш омадааст.
Писари овозадори пурқадраш омадааст, ки назди модари мардмизоҷ ҳамчунон тифл метобад.
— Дар олам як ту одам, як ту ғазалнавис, дигар кас нист.
– ҳамчунон сар якрў дошта, садо баровард модар.
— Якто, оча, якто. Агар дуто мешуд, олам хароб мегашт.
— Ба ибаш будагист-дия. Як бор назди ман ҳушёр биё. Одамон дидорбинӣ омада, гўянд, ки Бибизаҳро писар дорад. Аз раҳи дур омадааст. Сўҳбат куним.
— Монед, оча ҳамун одамонатона. Ман бо онҳо чӣ сўҳбат мекунам?
— Чӣ сўҳбат микунӣ? Аз оламу одам сўҳбат микунӣ; ягон чизи хуб мигўйӣ; онҳо аз ту ибрат мигиранд.
— Не, оча... Ҳазор сол боз мегўянду менависанд, ибрат намешаваду як бор гуфтани ман ибрат мешавад? Не, оча... Беҳуда писаратонро наҳ назанед ва баройи дигарон ва гапи душманон тифлатонро сарзаниш накунед...

пешина
аз 428
навбатӣ