Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ромиз хеле ором истод ва паҳлў нагашт. Саида пай бурд, ки ў андаке ба худ омада. Базўр овоз баровард:
— Дар ресторан қаҳваи сиёҳ хўрдед, ки хобатон набарад?
— Магар қаҳва аз заҳри забон ва беҳурматӣ нисбат ба шавҳар талхтар аст?
Саида аз ин гапи шавҳар ҳайрон шуд ва каме худро аз ҷогаҳ боло гирифта муроҷиат кард:
— Ман нисбат ба шумо ягон беҳурматӣ кардам, Ромиз?
— Не-е... Ман заҳри забони зани Соҳибро дар назар дорам...
— Дар ин хусус фикр накунед, гуфти худатон, ки атои ўро ба лиқояш бахшед...
— Боз ту мегўӣ, ки ман ҳам аз зани Соҳиб батар шавам...
— Ой!.. Бубахшед Ромиз, ман ҳазл кардам.
Ромиз ба шикам хоб рафт. Саида гуман кард, ки ў ранҷида пушт гардонд, вале ҳамин ки каме истода Ромизро ором ва қарор дид ва амиқ нафас гирифтани ўро шунид, яқин кард, ки хумори пуштмолӣ гирифтааст. Саида тани вазнинашро бардошта ба оринҷи чап такя кард ва тахтапушти паҳлавонсурати Ромизро молид ва пай бурд, ки ташвиши зиёд, андешаи бисёр, бекорӣ ва сангбозӣ накарданҳояш ўро обу адо карда ва аз гўшт фуровардааст. «Дастат дард накунад!» гуфт Ромиз ва бо ҳамин дигар нафасаш набаромад ва фурсати зиёде гузашту Саида шунид, ки ў дароз-дароз нафас мегирад. Оҳиста паҳлўи ў дароз кашид. Сонӣ ба фикру хаёл фурў рафт, ки чаро Ромиз мардумро ба инобат нагирад ва мудом гап гапи худам гўяд. «Хаёлаш, ки ҳама ўро мисли худаш фаҳманд...
Хайр, фарз кардем, ки ман туро мисли худат фаҳмидам, режиссёр туро фаҳмид ва чанд нафари дигар... охир халоиқ туро фаҳмида наметавонад... Ту ҳам бояд дигаронро бифаҳмӣ, ҳамин хел не? Ту ҳам бояд ба рафти об бел зада тавонӣ...»
— Чӣ? – магар сухани Саида бадандтар баромад, ки ў бедор шуд ва парида хест. – Чӣ хел бел?
— Ман гўям, ки песае мешуд, ки қаҳрамонаш ба рафти об бел зада метавонист, бозӣ мекардед?
— Ҳм. Ин хел ролро кӣ бозӣ карда наметавонад?.. Наход ту гумон кунӣ, ки ман барои ин ё он ролро бозӣ карда тазонистан ва ё натавонистан ин хел рафтор кунам, ё барои ҳамин аз театр рафта бошам...
— Не, ин хел гумон намекунам. Мегўям, ки ҳамин хел ролро бозӣ мекунед ё не?
Ромиз мадд кашид, вале ҷавоб надод...
Дар бадани Саида хорише пайдо шуд. Вай мехост решаи чунин хоришро ёфта, канда, хуншор кунад, то хориши ҳаринаи баданаш бозмонад. Бадан хорид, вале эҳтиёт мекард, ки Ромизи хоббурдаро бедор накунад. Худро каме аз ў дур кашида чашм пўшида, нафас фурў дошта, тамоми гапу колои оламро аз ёд бароварданӣ шуд, ки шояд хориши ҳарина бозмонад, лекин ба ҷои оромӣ шикамаш сахт-сахт ҷунбид, аз ин чиз Саида ҳаросид, ҳаросид, то хориши ҳарина ба шикам гузашта, тифли ороми ўро низ нороҳат накунад.

пешина
аз 428
навбатӣ