Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва онҳо ҳамчун хостгорони ўҳдабаро баргаштанд ва ман худро ҳақир ҳис кардам. Ҳатто ба дил гуфтам, ки шояд ба базми шаҳу арўсийи бародари қиёматиам Лоиқ наравам.
Рафтем. Ба базми бахти Лоиқ рафтем. Меҳмон Бахтӣ, Доро, Абдунабӣ, Юсуф, Давлатбой, банда ва чанд нафари дигар. Азбаски то рўзи базм вақт буд, баройи меҳмононро бо шаҳру қасри Деваштич ошно кардан мошин ба мошин мегаштем. Дар ҳар мошине ки будем, албатта як ё якчанд нобино, якчашма ва оҷизе медаромад.
Дар истгоҳи назди мадрасайи Олим Додхоҳ кўри Эшон даромад бо валвала; садойи баланд дошт ва омирона мегуфт. Меҳмон Бахтӣ як ба одамон нигарист ва фармуд:
— Акнун бовар кардам.
Мо хомўш монда бо ҳайрат ба ў нигаристем. Доро, ки одатҳойи Меҳмонро медонист ва хеле кунҷков ҳам ҳаст пурсид:
— А Меҳмон, ёфтед, а? Бигўед, ки ба чӣ бовар кардед?
— Бовар кардам, ки Рўдакӣ аз Панҷакент будааст.
Баробар хандидем. Эшон чӣ хавфе бурд, ки бо як чашм тарафи мо нигарист ва ношинос дарёфта пурсид:
— Ҳа, меҳмонҳо, чӣ дидед, ки механдед?
Доро гуфт Меҳмонро нишон дода:
— Ин ҷо Меҳмон як ҳамин кас, дигар ҳама панҷекатӣ...
— Мо дар борайи Рўдакӣ мегўем, ака. Шумо парешон нашавед.
– хоҳиш кард Меҳмон.
— Ҳааа, як кўр ману як кўр Рўдакӣ.
— Ин хел нагўед, ака, Рўдакиро кўр карданд. Шумо кўри худодод.
— Ҳўй меҳмон, ҷўруқ гард (ба раҳат рост биёву рост рав).
Вагарна аз ду чашмат ҷудо мешавӣ!
— Меҳмонҷон! Ин ҷоро Усто Панҷекат мегўянд. Ҷўруқ гардед,
– ман ҳам аз қатор намонам, гуфта ба сўҳбат ҳамроҳ шудам ва кўри Эшон ба ман нигариста гуфт:
— Э муаллим, шумо ҳам ҳамин ҷо, мебахшед-дия, дар тарафи чашми кўрам истода будед..
Ҳама баробар хандидем, ҳатто мусофирон. Эшон ин чизро қофия пиндошта низ хандид.
Вале ман ба базм ширкат варзида натавонистам: очайи баччаҳо сахт дард кашида, ба бемористон афтидааст, зуд баргаштам.
Ва баъд аз забони дўстон шунидам, ки Қутбиддин Раззоқов Лоиқро писар дониста, хуб армоншиканӣ кардаанд; ҳавлибоғи биҳиштосоро ҳамвор карда ҷойи нишаст оростаанд ва базми осмонкаф шудааст.
Вале Лоиқ таассуроташро дигаргуна гуфт:

пешина
аз 428
навбатӣ