Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

рўзномаву маҷаллаҳо нотиқи булфузуле, қаламкаши гўле бо бонги баланд, бо ранги баланд мегўяд ё менависад:
Халқи тоҷик дар гузашта бесавод буд саросар...

...Аз ин лиҳоз Ҳар ҷо агар боз бинам ё бишнавам, ки ҷоҳиле ё ғофиле бонг занад:
Халқи тоҷик дар гузашта саросар...
ўро мехонам ба ҷанги рўёрў аз пушти сар забонашро мекашам, мекушам!

Зеро ман аз тухми ононам, вориси он бесаводонам ва зиндаам ба номи онҳо чун давоми онҳо.
Ва зинда бод ман ва афроде мисли ман, ки рустаем аз ин хок, ва хок мешавем дар ин хок - хоке, ки аз ҳар заррааш мерасад ба димоғи ҷаҳон бўи ифтихор, бўи эътибор, бўи шеъри худоёна, бўи нубуғи фарзона бўи фарҳанг, бўи номусу нанг.»


Хеле баъд боз масъалайи хонадоршавийи Лоиқ рў зад. Ойтиҳойи ширин боз такопў доштанд ва духтарони соҳибмансабҳоро ном мебурданд ва Лоиқ хандида мегуфт: «Мисли онҳо духтарони хуб нест, аммо онҳоро баъд ҳамчун маъшуқа хоҳем пазируфт.»
— Ин хел нагўед, Лоиқҷон, фаҳманд, хафа мешаванд..
— Коре кунем, ки нафаҳманд. Росташро гўям, онҳо беҳтарин духтарон, аммо мо ба хидмати онҳо расида наметавонем.
Телефон занг зад. «Алло!» гўшакро бардошта посух дод Иноятхон ва хандон даҳони гўшакро бо каф дошта сўйи Лоиқ ишора кард ва боз кафро гирифта фармуд: «Ҳозир».
Аз он тараф чӣ гуфт, равшан набуд ва Лоиқ ҳарфро зиёд накарда «Баъди футбол» гуфт ва гўшакро монда, хандид: «Мурод аз футбол – гол.»
— Намуред, Лоиқҷон, намуред! Мо хуни дил шуда арўс ҷўем, шумо...
— Ойтиҳойи ширини ман хафа нашаванд, хонада ҳиҷ ким нест, гўянд, хафа мешавед?
— Намуред, Лоиқҷон намуред.
Ва баъди футбол сўйи ман даст афшонду ҷудо шуд. Ман ба троллейбус нишаста сўйи «Ватан» рафтам, Лоиқ дар истгоҳи назди магазини сеошёнайи Марказӣ монд. Он солҳо, ки духтарони фурўшандайи ин магазин харидорони зиёд доштанд, пиндоштам, харидори Лоиқ шудаанд. Хайр, он тарафашро худаш медонад...
Вале он шаб хоби ман набурд. То рўз нишастам, ки шояд ў баргардад. Субҳдам дарвоза тақ-тақ шуд. Лоиқ омад. Баробари дарро боз карданам ў замзама кард: «Сапеда медамад, ёрам, сапеда...»
ва хандон даромад.
— Сапеда нағз-ку...
— Ман ҳам нағзиашро мегўям.
— На, асроре ҳаст.
— Асроре нест. Хобам бурда мондааст, бедор кард, ки хезед, сапеда медамад. Сапеда дамид, омадем.
— Сапеда, гўед.
— Сапеда...Сапеда.

«Сапеда!
Ин номи мустаори туст барои дили ман, барои шеъри ман, зеро номи туро наметавонам гўям ошкоро; зеро муҳити мо - муҳити Душанбе -
шаҳри хурди ишқи бузургон надида барои ишқи бузург ё ишқи бузургон омода нест мисли он, ки ҳар сол мебинем барои рафъи филборонҳо, селҳо, барфҳои лаклакии ғайриинтизор омода нест...»

пешина
аз 428
навбатӣ