Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баробари он «соҳиби» Офоқ фарёд занам, вале кӣ расад ба фарёди ман? Ин Фалаки гаронгўш ва беҷон нарасад ба фарёди касе. Баройи ҳамин ба «онҳо» гўед, ки ғами маро нахўранд, ғами худашонро хўранд.
Агар онҳо ҳам мисли ману шумо фикр мекарданд ва танҳо ба ҳаққи хеш қаноат мекарданд ва баройи нафси таку боло корҳойи зишт намекарданд; аз нав сўйи ваҳшонияту ҷамъияти ибтидойӣ намерафтанд... Ин ҷо ҳардуямон: Ту мефаҳмӣ суханҳойи маро; ту менолӣ оҳи ҷаҳонсўзи маро... Ман дар «Нўшбод» гуфтам сабабҳойи паёпай бода нўшиданамро. Вале «нўшбоди сонӣ» ногуфта, ки ман баройи чӣ менўшам? Ин кори одат не. Ман метавонам нанўшам... Метавонам нанависам. Он гоҳ ман Лоиқ нестам. Нўшам, Шералӣ мешавам! Мефаҳмӣ Шералӣ кист? Шералӣ марди бузург буд, аммо муҳиташ танг буд. Илоҷи даридан надошт, худро ба ҳар кўй мезад. Мард буд, банангу ор буд:

«Падарам, эй падари деҳқонам,
Ту ҳамехостӣ деҳқон бошам.
Наравам як қадам аз деҳ берун,
Бандаи мазҳабу имон бошам.»

Гўй, онҳо ба худам гўянд. Албатта ягон каси баномус ин ҳарфҳоро намегўяд, медонам; тамаллуқкорон, хушомадгўйҳо, тарсуҳо, ҳезалакҳо мегўянд. Ман медонам, ҳамаашро медонам. Кӣ чӣ мегўяд, медонам. Онҳо шеъри маро намехонанд, намедонанд, дар атрофаш баҳс намекунанд. Чизҳое мегўянд, ки ба ман дахле надорад.
Мехоҳанд, ки ман ҳам мисли онҳо ҳез бошам. Ман Лоиқам. Лоиқи номи худам... Онҳо кўрнамаканд. Агар барояшон хидмат карда бошам, подоши хидмати ман чӣ баҳо дорад, намедонанд. Агар дар базмашон соқӣ будам ва ҷуръае май хўрдам, онро мебинанд.
Миннатхона мепўшанд, ки мо Лоиқро зиёфат кардем. Ман зор не, мўҳтоҷ не, ба касе ниёз надорам. Ман ин ҳарфро сию панҷ сол пеш гуфта будам: «Ҳаргиз набарам ба ҳеҷ кас рўйи ниёз,Дастам шиканад, ба гарданам овезам.» Ман ҳамон Лоиқ, дигар нашудаам.
Ман худат барин. Аз пайи чиз нестам ва номусро ба хотири чизе ё касе, ниёзе намефурўшам... Э вой-э... «Сад ҳайф аз буди ману сад ҳайф аз нобуди ман!» Маро баъд мефаҳманд; баъди ҳазор сол. Он вақт, ки ман боз баргардам. Ҳарфҳойи кўдаконайи худро бузургона такрор кунам ва гўям, ки Рўдакӣ чунон гуфта буд, Лоиқ чунон гуфта буд, ман чунин мегўям. Пас аз ҳазор сол замона дигар мешавад. Ту низ ҳамроҳи ман хоҳӣ буд. Ҳамаашро мегўям. Ту низ мегўйӣ. Адабиёти нав месозем. Зеро одамон дигар мешаванд; фаҳму даркашон дигар мешавад, Калашников мемурад. Устухонашро аз аҷойибхона дармеёбем. Лекин устухонфурўшӣ намекунем. Ту гуфта будӣ ин калимаро, аз ту донистам.

пешина
аз 428
навбатӣ