Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

пеши касе дасти ниёз намебарам; овораву банди кори хеш ҳастам.
Устод Лоиқ фармуда буданд:

«Аз ҷабри гуноҳи хештан нагрезам,
З-он по, ки фитодаам, зи нав бархезам.
Ҳаргиз набарам ба нокасе рўи ниёз,
Дастам шиканад, ба гарданам овезам.»

Ин рубойиро ҳар сў кашиданд баъзе шеършиносон ва сиёсатмаобҳо; бархе зиндаанд маховсурат, қисмеро хок хўрд. Равони устод Турсунзода шод бод, ҳифзу ҳимоя мекарданд чунин байту дубайтиҳоро ва гўяндаашро ва Лоиқро. Вагарна Лоиқро он солҳо куштанӣ буданд; ҳам бо кўмаки фоҳишамашрабҳо, ҳам бо ёрийи сиёсатбозҳо ва бо ёварийи дасисабозон, даллаҳо ва бештар бо такопўйи беҳунарон, ҳасудон, шоиртарошон. Номбар намекунам; мурдагонро дигарон медонанд ва ононе ки абрўяшон сапед шудааст, шарм намедоранд. Бояд худашонро шиносанд аз ин сатрҳо.
Зинда бод шоири зиндаёд Мирзойи Турсунзода, ки бахилӣ надошт, ҳунару ҳунармандро қадр мекард. Аз як мисраи хуби шогирдон шодмон мегашт. Ва Лоиқ носипосӣ накард: «Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!»
— Ин боҷгирон хароба шудаст-ку?
Ғавчўби посту боҷгирони Дашти Қозиро лак-лак дида ва дару тирезаҳойи боҷхонаро канда дарёфта ва як нафаси озод бароварда гуфтанд ако ва бо вуҷуди ташвиш ба лабашон табассум дамид.
Пасон шукргузорӣ карданд:
— Шукри беҳад. Ба ҷуз Худованд ҳеҷ чизи ҷовидона нест. Аз қиссаҳойи авастойӣ то «Библия»-ву «Қуръон» маълум мегардад, ки ҳама даргузар. Коху кўшку дижҳойи беназир фано гаштанд, ин роҳзанхонаҳо чист дар пеши онҳо. Маълум буд, ки ин чизҳойи сохта зуд абгор гардад. Лекин чунин вайронӣ нишонайи хуб:
маълум, ки дар мамлакати соҳибистиқлоли мо низому рабт ҷорӣ шуда. Оқибаташро ба хайр гардонад. Лекин ба ҷойи сияҳпўшони афтоматбадаст ягон навъи тоза ояд, кулли явмин батар.
— Ана! Ана! – ангушт ба пеш тир карда «жигули»-и сапедро нишон додам ва афзудам: – Ман ин роҳзанро мешиносам. Рақами мошинаш 00–35 ЛБ. Ҳамроҳи як турк мегардад, касбаш роҳзанӣ, пулчинӣ. Вагарна номаъқул мекунад ин ҷо?
— Ҳаром шудагӣ, ҳама ҳаром шудагӣ. Пеши ин сели нобаҳангомро гирифтан сахт душвор. Дунё бар пули ларзони доллару гера қарор дорад. Шояд ин роҳзан ҳам ягон дастовезро нигарон бошад...
Ва сухан нотамом сўттае ба пеш дароз шуд ва мошини моро боздошт. Ҳамон касе, ки гуфтам ва ҳамон мошину ҳамон рақам.
«Шумо – бало, дада...» ҳамин қадар гуфт Ҷовидон ва дигар имкони сухан нашуд.

пешина
аз 428
навбатӣ