Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Бале, устод. Дар Тоҷикистон ду-се тан ҳастанд, ки бо онҳо гуфта шунидан имкон дорад. Яке Ҳалимшо, дигаре Додихудо...
— Агар олимони забоншиноси моро дар назар доред...
— На! Онҳоеро дар назар дорам, ки ба илму фарҳанг, ба вижа аз тақдири забони форсӣ бепарво наянд.
— Ҳо...
— Роҳҳо чӣ харобу абгоранд...
Андешайи маро пароканд акойи Шариф. Ва ман ҷудо шудам аз Лоиқ, вале пешонайи хайбаста, мўйҳойи парешони аз дастмол тар гашта, ҷиготи дамида, се чини кўтоҳи тори абрўйи чап, манаҳи комадор, ки нишони афтиданҳову машаққати даврони баччагӣ бувад, дандонҳойи аз дуди сигор чун пунбадона зардгашта, ғазаби шерона ва баъзан хандайи ширини тифлона... хаёле аз пеши чашмам гузашт ва дер посух дода натавонистам ба сухани ако. Ҷовидон баргашта ба ман нигарист, ки падарам чунин набуд, зуд посух мегуфт ва кам мегўяду бештар ба ҳарфи дигарон гўш медиҳад ва ягон-ягон мегўяд, чаро сухани амаки Шарифро бепосух монд.
— А, дада! Роҳҳо вайрон-а?
— Вайрон, хароб, – гуфтам ва афзудам: – Бо роҳи хароб кас ба ҷое нарасад.
Боз хомўш мондем. Гўйӣ хурду бузург дар ин ришта андеша доштем ва ГАЗ-31, 10 аввалин фарози ин роҳ – дандонаҳойи кирмзадайи тезу паридаву пасту баланди канори пулро газида-газида ва баъзан дандонаҳойи резинӣ дошта натавониста, лағзида мебаромад, ки дандони солимро низ нокор мекард
— Ҳайфи мошин. – кўтоҳ гуфтанд ако ва ба роҳи нисбатан ҳамвори Дашти Қозӣ баромадем. «Азбаски хушк гаштем чун ҷави Дашти Қозӣ» – ин мисраи маънидори шодравон Мирзо Маҳмудро ҳар гоҳ устод Лоиқ такрор карда аз ҳазлҳойи хуби ў завқ мебаранд. Имсол на танҳо ҷаваш, балки токҳояш хазон шудаанд. Ва мардум...
— Ана он ду ҳавлиро мебинед? Ҳо шиферпўш. Дар ҳамин ду ҳавлӣ аз осмон санг боридааст. Субҳу шом. Медонед хонайи кӣ?
Ҳамоне ки як субҳ дар бозори Дупула аз гиребони шумо гирифта, хафа карда куштанӣ буд.
— Ҳоҷӣ? Ҳоҷӣ Оқмурод?
— Бале, худи худаш.
— Асалфурўши дари Макка... Бисёр аз худ рафтагӣ мегўянд...
Худованд ҳозирбин аст, кайфар диҳад ҳамаро.
— Оҳиста, дада! Доред! Картер ба санг расид. Боз мошини акойи Комрон барин равған нарезад. Бинем.
— Не, барраҷон, глушител зад. Овози мошин дигар шуд. Бинед, бузургтарин деҳайи ин водӣ Урметан, зодгоҳи шоири бузург Қутбӣ Киром, вале роҳаш харобтарин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор