Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ботинкаҳойи падарам лой бардошта буд. Ва ба баҳонайи дастурўшўйӣ пайи пойи падарамро гирифтам, ки миёни ангорро гузашта, ба ҳавлийи рў ба рў рафта, боз омадааст...
Мо баргаштем.


Боз хомўш мерафтем. Садойи ба мағоку ворафтаву обкандҳо бархўрдани чархҳойи мошин ва бардорузани он зиёд шуд. Вале ман дарку эҳсос намекардам ва ҳушу ёдам дар бемористони Қарияйи боло буд, то тезтар ба он расем ва Лоиқро зинда дарёбем. Албатта Лоиқ дар бемористони касалиҳойи дилу асаб буда бошад ва зери парасторийи доктор Соҳибназари Раҳмон; беҳтарин қалбшинос.
Тапиши дили Лоиқро ба навор гирифтааст баройи фардойиён.
Иншооллоҳ аз дасти ў дармон хоҳад ёфт...
Роҳи мумфарши Панҷакатро роҳи ноҳамвори шағалу сангчолу регрез ва пурчангу ғубори Шўрча идома медиҳад ва аввалин пули рўйини Зарафшон пеш меояд. «Ин як, боз ҳаштто» мегўяд Ҷовидон пулҳоро ба ҳисоб гирифта ва ба сўҳбати мо эътибор дода ва бисёр чизҳоро шунида ором меравад. Вале аз дилу хаёлу ёди падар чӣ мегузарад, огоҳ нест. Парешон мекунад ақлу ҳушу хаёли маро, ки сўҳбати хомўш бо Лоиқ дорам, маҷбур мешавам ба гуфтӣ ҳойи ў ҳамроҳ шавам:
— Чӣ хел пули аввал? Дупуларо, ки гузаштем...
— Вай Якпула шудагӣ, дада. Пеш Дупула буд – ду пули ларзон дошт.
— Ёдам ҳаст: кўдак будӣ,. Ман Дупула шуд Сепула, гуфта будам, ту Якпула гуфта будӣ. Вале он ҳам пули аввал нест. Пули аввал миёни Панҷакату Ғарибак аст. Ва ҳоло мо пули саввуми Зарафшонро мегузарем. – Ҷовидонро қонеъ гардонданӣ шудам.
Ў якравӣ кард:
— Дада, он ду пули шумо баъд сохта шуд.
— Ҷовидон дуруст мегўяд: Он пулҳо баъд сохта шуданд, ҳатто баъди ба дунё омадани Ҷовидон. – Тарафдорӣ карданд ако.
— Ҷамшед!
— Лаббай, амак!
— Қиссаҳойи баччагийи падаратро медонӣ?
— Амаки Шарифам хуб медонанд. Баъзан худи додом ҳам мегуфтанд. Бахусус бо шумо бошанд, рўйи кати ҳавлийи бобойи Қутбиддин нишаста, ёдоварӣ мекарданд. Дар ҳамайи саргузашту қиссаҳояшон амаки Шариф ҳамроҳанд. Хубтар он аст, ки ин қиссаҳоро амакам нависанд ё ба шумо ҳикоят кунанд.
Мо боре нишаста будем се тан дар зодрўзи писари Қоришариф Наврўз. Устод Лоиқ аз бародар хоҳиш карданд, ки ҷуръае бинўшанд. «Хайр, баройи шумо мегирам» фармуданд Қоришариф ва ба ман ишора карданд, ки пиёлайи чойро низ бардорам. Чунон шуд, ки ҳар се кўдак гаштем ва хотираҳо пеш омад, Қоришарифу Лоиқ ба Мазор рафтанд ва хотираҳойи баччагиро ёд оварданд..

пешина
аз 428
навбатӣ