Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Аввалан вақт надорад, баъд чӣ лозим? Мулло-амак мегўяду боз тарафҳои дигар ҳам дорад... Лекин ҳоло ҳолати Соҳибро ба назар гирифта ин корро кард. Мазмун, ҳамин чизро мехост: нўшидан хост, медонист, ки табъи Саида хуш нест, ўро ранҷонд, хоҳад, ки бинўшад. Нўшаду сонӣ аз Саида узр пурсад...
«Қаҳрамо-он!» худ ба худ гуфт Соҳиб, онҳо нафаҳмиданд,. ки киро гўяд. Вале Ромиз яқин кард, ки дар ҳаққи янга мегўяд.
— Аз комиҷроия одам омада буд, – гуфт Мулло-амак, – Шуморо мекўчонем, мегўяд. Хоҳед, пули хонаатонро гиред, мегўяд, хоҳед, сексия гиред, мегўяд. Гуфтам, ки ман ба ин по чӣ хел дар сексия зиндагӣ мекунам? «Набошад, пулашро гиред», мегўяд.
«Пулро гирифта чӣ кор кунам?» гўям, «Ман намедонам, қарор ҳамин, ҳама гирду атроф кўчиданд, як шумо мондед» мегўяд.
Қарор ҳамин! Қарор! Рост-дия! Кӣ месозад? «Ана бин, аҳвола!»
гўям. «Ман кардам?» мегўяд. «Кӣ кард? Барои кӣ ин хел шуд? Барои чӣ ин хел шуд?» гўям. «Айби худатон» мегўяд... Нафаҳмидам, нафаҳмидам, ки чӣ хел айби худам будааст? Аз ҷанг гурехтам, ки айби худам? Поямро қасдан буридам, ки айби худам? А?
— Касе будаст, ки шуморо намешинохтааст, – дил бардошт Хуршед.
— Мешиносанд, чӣ хел намешиносанд... лекин ҷавонон беандеша, илоҳӣ хориро набинанд-ку, лекин беандеша. Хулоса, навишта рафт. «Чанд кас?» гуфт.. Худаму кампиру писару духтару келину набераҳоям гуфтам... Лекин Душанбеи кўҳна чӣ мешавад?..
Баъд қиссаҳо, саргузаштҳо чӣ мешаванд? Баъд тамом. Он гаҳ ман ҳам тамом. Дунёи дигар. Ҳама чиз фаромўш мешавад ва ман баринҳо дар назди намояндаҳои комиҷроия гунаҳгор. Лекин надонистам, ки ў чӣ кор мекунад. Шояд аз дасташ ҳеҷ кор наояд ҳам...
11
Аз миён чанд вақт гузашт. Хонаҳои гирду атроф вайрон шуд, ҳамсояҳо кўчиданд. Ҳавлии Мулло-амак нигин барин монд. Иморатҳои баландошёна аз тиреза ҳам менамуданд. Пардаҳо аз равшании чароғ ранга метофтанд... Шаборўз садои булдозер, мошинахои боркаш, кран, кафшер ва тақутуқи путку мехкўбӣ меомад.
Экскаваторҳо ҳавза мекофтанд. Барои кранҳо роҳи оҳани барқад месохтанд, тарҳи хонаҳо мерехтанд. Шаб хоб карда саҳар мехестӣ, ки устухону қабурғаҳои иморат рост шудааст. Ростӣ, бо суръати самолёт, ракета, спутник... Гўё суръати тараққиёт аз рўи ҳамин муайян мешуда бошад. Дигар хел мумкин набуд, ба суръати корвон ва қадами аспу хар ва он ҳолате, ки Душанбеи кўҳна дошт; хонаҳои пастаки похсадевор, хишти хом, хишти пухта, чўбкорӣ, ягон-ягон болохонаҳо ва бомҳои найпўш, дупўшаю чаҳорпўшаи шиферӣ ва ба ҳамин монанд хонаҳо, ки танҳо шиферпўшиашон гувоҳи хонаҳои асри XX буданд, муросо кардан аз рўи инсоф нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор