Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

калону вазнин, панҷарадор ва дутабақаи даромадгоҳи телевизион баромад ва гўё бо як ҳаракат бори гарони оламро барои худ сабук мекарда бошад, гиребони пушти плашро бардошт. Аз дили ў дашном ва нафрин меборид, вале онро ба касе гуфта наметавонист. «Мо бузург шудаем, шастсола мешавем, одам шуданӣ, ҳокимиятро ба даст гирифтаем, рў ба рў шишта кор мекунем, вале якдигарро намешиносем... Вақте ки дар аэропортҳо ба самолётҳо шиштанӣ шуда, аз гузаргоҳҳо мегузарӣ, асбобҳо нишон медиҳанд, ки тилло дорӣ ё не, вале ягон асбобе нест, ки дили касро нишон диҳад, асбобе нест, ки дилу нияти шахсони рў ба рўро ба ҳамдигар фаҳмонад; муттаҳамро нишон диҳад. Барои ҳамин дили инсонро мураккабтарин механизм гуфтаанд. Барои ҳамин омўхтану донистани дили инсон кори осон нест. Агар ҳамин зайл асбобе мешуд, ки ҳама нияту андешаҳои одамиро нишон медод, боиси ин қадар тақал ва макру ҳиял набуд... Рост, ҳамон вақт ҳам он асбобро одам идора мекард...»
Ромиз гумон кард, ки дирўз барояш ибтидои ҳаёти нав, рўзи нав буд, ба дилаш ҳавои Наврўз ва бўи баҳор омад; гумонаш, ки тамоми уфуқҳо, ки доим қабат-қабат шуда як пардаи сиёҳи қатрониро нишон медоданд ва касро сўи ноумедиҳо мекашиданд, барҳам хўрданд, пардаҳои сиёҳ аввал аз ҳамдигар ҷудо ва дур гашта, ранги хокистарӣ, кабудчатоб, нилўӣ ва баъд ранги шаффофу софро гирифтанд, инак ў дар паси ин пардаи ҳарир, ки бо андаке нафас ларзиш мехўрда бошад, дунёи дигар, ситораи одамони нек, устоди бузург, кинорежиссёр, вазир ва бисёр касонеро медид, ки менамуданду ғайб мезаданд. Ба назараш ҳамаи ин дар хаёл ва торҳои асабаш буд, ҳамаи ин қублаҳои рўзи боронӣ, шабаҳҳо, хаёлҳо, орзуҳо ва он чизҳое, ки ҳама вақт барои кас муяссар намешавад. Айнан мисли дирўза, ки ҳамин уфуқи нав, – «уфуқи барор»
пеши рўяш омада буд. Ва ў хаёл кард, ки баъди ду даъвату хоҳиш
– Рустам шудан ва Рўдакӣ шуда ба Маскав рафтан – ҳаргиз барои кас нохушие пеш намеояд ва ягон чиз садди роҳ намешавад. Вале имрўз аз пагоҳи барвакт ин кор сар шуд ва ташкилӣ будани онро ў муайян карда метавонад. «Бояд бо кори худ ҳисобу китоб кунам».
Баъди андешаҳои зиёд хулоса баровард ў ва то хона нарасида аз фикраш гашт. «Дар ин вазъият ариза додан хуб нест; аввал бояд исбот кард, ки кор кори кист...» Вале ин чизро бо ягон каси қонундон – юрист ё каси пурдидаю пурдон маслиҳат бояд кард:
дар ҳамин лаҳза Ромиз худро ҳақир, нодон ва гумроҳ дарёфт, ки зиндагӣ аз фарди худ бисёр чизҳоро дархост мекардааст ва барои онро аз бар кардан умр ва хиради кас бақо накунад. Кўтоҳ аст умри одамӣ, коста аст хиради инсон. Замона ҳама чизро омўзад, мактаб ҳама фанҳоро таълим диҳад, вале кас онро аз бар карда натавонад. Даҳ сол, понздаҳ сол, бист сол ҳамаи онро махлуту омехта хонӣ, вале мисли об, ки дар ғилбор наистад, шорида равад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор