Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

«Фаромўш шудааст, аз ёдҳо рафтааст; ман гумон карда будам, ки дигар касе ин чизро ёд намекунад... Тилло зери хок ҳам нобуд нагардад... Мукофоти ман ҳамин, бас аст барои ман...» – ў чандин бор шеърҳоро аз назар гузаронид ва оқибат дар варақе чунин нақша кашид:
- Ҳуснобод. 2. Бухоро. 3. Бозгашт., Акнун ў бояд моноспектаклашро ба куллӣ дигар мекард.
Ва рўзи дигар ў бо чунин фикру андеша ба кор рафт. Саҳари барвақт Қодиру Нодир шахмат бозӣ мекарданд. Ромиз салом гуфту вохўрдӣ кард ва бинишаст. «Чаро инҳо ин қадар ба кабинети мо медаромадагӣ шудаанд? Нодир-ку норозӣ рафт, чаро боз ин вақтҳо зуд-зуд давр занад?.. Ў дигар бо Қодир гап намезанам, гуфта буд-ку?»
— Гардед! Ман ҳамту намемонам, – ба Қодир мегуфт Нодир,
– ё гашта ба ҷоям меоям ё расвоии инҳоро мебарорам.
— Эҳ, гардед-е, аз паи ҳамин гапҳо мегардед, ин ҷою он ҷо чӣ фарқ дорад.
— Ии, канӣ шумо равед.
— Ҳозир меравам, худо якта бошад. Ҳозир меравам, лекин маро намефиристонад.
— Вақташ ояд, мефиристад... Шах! Мат!
— Не-не, истед-истед, ман гашти дигар кунам.
— Не шуд, бозӣ якта.
— Хайр, шуд, мо чӣ бой додем?
— Не шуд, тамом, – гўё мошин бурда бошад, мегуфт Нодир.
— Мо чӣ бой додем? Шутур?
— Шумо ҳеҷ чиз бой намедиҳед, шуд, тамом! – ва ин гапи ў ба Қодир киноя расид. Як ба Нодир нигоҳ карду баромада рафт.
– Ман ба инҳо нишон медиҳам, – рангаш канда ва чашмонаш беҷо шуда гуфт Нодир.
— Ба кӣ? – қасдан пурсид Ромиз.
— Ба ину директораш, иғвои ҳамин катӣ мана ба он ҷо гузарониданд. Ман ҳамту намемонам, – гуфта Нодир аз паи Қодир баромад ва муддате гузашту Қодир даромада Нодирро пурсид:
— Куҷо рафт?
— Аз паи шумо баромад, – гуфт Ромиз, вале аслан ба ҷои ин гап дигар чиз гуфтан мехост, ўро дашном додан, ҳақорат кардан мехост ва боз мехост, ки ба чунин ҷўрагӣ марг хонад. Ў боз баромад, вале Ромиз аз паи нақшаи моноспектакли худ шуд, тарҳ кашиданӣ буд, вале ҷои онро суханони андаке пеш гуфтаи Нодир гирифт: «Ман ҳамту намемонам, ба ину ба директораш нишон медиҳам» садо дод гўши Ромиз. «Худаш маълум-ку, инро дониста директор ўро «пеш» кард-ку. Боз чаро домони маро медорад? Ҳм...
аҷиб, лекин ҳамту намемонад, хас рўи об мебарояд?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор