Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Аз ҳаракатҳо ва гуфтораш маълум буд, ки Қодир дар бораи касе мегўяд ва Нодир хандидаю ангехта ҳамаи гапро шунида ва чида мегирад. Ромиз гирифтори ҳаракатҳои онҳо, фаромўш кард, ки ҳавои сард аз тирезаи кушода ҳуҷум оварда, асар карданаш яқин аст. Ў сари сина ба пештахтаи тиреза партофт ва беихтиёр ба «бозиҳои» онҳо нигарон монд. Он қадар ҷазбманди тамошои «бозӣ» набуд, вале чизе ўро андармон медошт. Баъзе ҳаракатҳои Қодир; зуд-зуд мўи тунукашро ба пешона ҷамъ овардан, забон зери бинӣ бурдан ва «ахх-туф» карданҳои ў роҳбарро пеши назари Ромиз овард. Ромиз акнун мушоҳида мекард ва паррандавор якрўя гашта гўш медод, ки ягон гапи онҳоро шунавад. Гапашон паст буд, вале хандаашон баланд. Чунон сўҳбату бозиашон тафсид, ки «худою банда»-ро ҳам фаромўш карданд. Як одами ба палто печида ва телпак то сари абрў кашида наздикашон истода ду-се салом дод, аммо онҳо ё нашуниданду надиданд ва ё қасдан нигоҳ накарданд. Ва чӣ шуд, ки рамаи рамида барин якбора бозистоданд.
Баъд ҳарду баробар ба Ромиз нигаристанд ва Нодир сахт-сахт даст гардонда, замини барфпўшро нишон медод, ки ў низ фарояд.
Марди «сармозада»-ро ҳам диданд, саломи ўро алейк гирифтанд, вале ў қусури хеле истоданаш – ҳаваси вохўрии онҳоро надошта, баробари Ромизро дидан сўи онҳо сар ҷунбонду даромад. Ромиз худро пас кашид ва тирезаро пўшид. Вай гумон дошт, ки Соҳиб ба узрхоҳӣ омадааст ва барои ҳамин баробари ўро дидан зуд даромад.
Ромиз сигарет гиронд, ки андаке ҳаяҷонашро фурў нишонад, балки ў аз бозию шўхии ду ҷавонмард завқ бурда, андаке таскин ёфта буд ва ҳатто ҳасад ҳам бурд, ки мардум чун тавонанд, хандаю бозӣ кунанд, чун? Ў ҳам кам намедонад-ку. Худи масалҳои Эзоп бас аст, ки як умр гўяду баробари мардум завқ барад, вале ў ҷиддӣ гўяд, ба маънии он сарфаҳм рафта гўяд. Ва акнун ў саволеро ки «чаро нахандӣ?» мегуфтанд, худ такрор мекунад. Аввалин бор ба ин чиз ҳасад бурд, вале боз тан надод: «Ҳар кас хандида тавонад, ҳалолаш бод!» Ў боз тоқат наоварда аз тиреза нигарист, ки онҳо ҳоло ҳам механданд. На танҳо дигарон, ҳатто Ромиз хаёл кунад, ки онҳо «ғами ҷаҳон» надоранд.
— Мумкин? – дар кушода шуда садо омад, вале Ромиз рухсат надода ў ворид гашт. Даст дода вохўрдӣ кард ва баъд ба курсӣ нишаст. Вақти нишастани ў Ромиз як назар дид, ки серташвиш барин. – Аҳвол? – маънӣ мекашид ў.
— Хуб! – як парда паст ҷавоб дод Ромиз.
— Хайр, нағз... – гуфта ў ором шуд, вале Ромиз пай бурд, ки ҳоло гапи асосиро нагуфтааст. – Лекин ман як гала гап фаҳмидам...
— Хўш?..
— Гўё аз болои сардоратон навиштаанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор