Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Вале мушкили онҳоро занги телефон осон кард. Қодир саросема сигаретро аз даҳон гирифта гўшаки телефонро бардошт ва дуди сигарет ба чашмаш зад, ки сахт чашмон ҷафида, бо рағбат «кӣ?
кӣ?» гуфт, «Кӣ лозим?» пурсид ва қонеъ нашуд, ки «кӣ мепурсад?»
ҳам гуфт ва баъд «ҳа-а-а» гўён гўшакро рўи мизи Ромиз нишаста гузошт... Ромиз гўшакро бардошта ба саломи касе алек гирифт ва «ҳа, не» гўён ҷавоб гардонд. Сонӣ «Бегоҳ» гуфта, мазмун, ба он кас ваъда дод.
— Мулло-Ромиз, гумон кардам, ки гўшакро ҳам намебинед,
– пичингомез гуфт Қодир, вале Ромиз ин сухани ўро низ нашунида ангошт. Ҳамин хел як ҳис дар дилаш пайдо шуд, ки гўё ба ин корҳо Алиев не, балки вай айбдор. – Овозаш шинос, кӣ буд?
Вале ин саволи ў сахт қаҳри Ромизро овард: «Натарс, янга не»
дар дил ҷавоб дод ў, аммо ба рўяш нагуфт.
Қодир китф дарҳам кашида, аз муомилаи Ромиз ҳайрон монда, аз дар баромад... Лек сахт асабӣ буд. Бо чунин аҳвол ба мулоқоти Ҷаҳоноро равад ё на? Ўро пазмон шудааст, аммо тарсад, ки табъи нохушаш боиси ноҷўрие шавад.
Ромизро пой то гулгашти «Ҳофиз» бурд. Нигарон шуд, то кай ояд. Вай то омадани ў ба мулоқот омода мешуд ва сухан тайёр мекард, ки баробари дидан гўяд. вале пай бурд, ки овозаш ларзад, ин дар танҳоӣ; дар назди Ҷаҳоноро бештар ларзад: «Мурам ба ту...» тоҷикии тоҷикӣ карданӣ шуд ў, вале фикрашро рад кард:
«Гапи кампирона, ҳеҷ гоҳ назди зан паст наё. Занон мардони якқавлу якравро дўст доранд. Мард бояд мард бошад, гўянд. Мард, ки латта шуд, занҳо, биниашон наомада бошад ҳам, пок кардан гиранд. Баъд, зан хоҳад, ки шавҳараш чаҳор кас медидагӣ бошад.
Салобат дошта бошад, гапаш аз даҳонаш наафтад, хандида сухан нагўяд, лабу лунҷашро ғундошта тавонад. На ки забон ёзонда суллуквор сўи бинӣ рост кунад... Ба мард чӣ? Марди сабукмағз аз паси ҳусни зоҳирӣ тозад, марди пурмағз аз паи зани порсову доно. Зан пеш аз ҳама бояд эҳтироми мардро дошта тавонад, зан бояд бо мард ҳамзабон набошад, агар қадри худро донад, андаке ҳаёро аз даст надиҳад. Зан бояд ба чашми мард хок назанад. Ҳамаи ин аз он сар занад, ки мард – мард бошад. Зан эҳсос кунад, ки ў мардӣ ва ҷавонмардӣ дорад. Занҳо мардони баландқомат, дўшфарох ва дасткушодро дўст доранд. Вақте ки ба зан пул додан мехоҳӣ, набояд, ки шумурда диҳӣ, балки пулро барор, худаш гирад» худ ба худ муҳокима мекард ў ва оқибат, таҳдор «ҳа-а»
гуфта ҳам мемонд. Ў касест, ки Худованд барои фикру андеша кардан офарида.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор