Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— ...Медонам, ман ҳам илоҷ надорам... Набошад, сабр кун...
Шумо чӣ мехоҳед? – эътиборашро аз Ромиз канда дигареро пурсид раис.
Ў дид, ки нишастан суде надорад ва раис гапи ҳеҷ касро намегирад, ба ў чандон аҳамият намедиҳад ва барои раис мисли ў касон бошанд ё набошанд, фарқ надорад; шарм кард, ба ҳоли хеш раҳмаш омад: чӣ қадру қимат доштанашро донист ва як зарра худро ва кӣ будани худро дарёфт ва ҳамин зайл кам-кам, зарразарра... Ў сахт хафа шуд. Ҳеҷ гумон надошт, ки то ин дараҷа беписанд бошад, то ин дараҷа хор шавад. Ромиз худро шинохтан хоҳад, худро дарёфтаи хоҳад; аммо ўро аз ин роҳ зананд, нияташро аз ин роҳ гардонанд. Сонӣ ў дергоҳ ба худ наояд; ҳатто арақ, сигарет ҳам алами дили ўро бароварда натавонад. Ў барои аз театр рафтан чунин ғусса нахўрда буд, чунон ки аз ҷавоби имрўзаи раис, аз муомилаю муносибати ў. Хона набошад, боке нест, лекин муносибат, одамгарӣ, забони хуш ва қадру қимати инсон бояд бошад. Ин чиз сахт ўро алам кард. «Ўро дигаргуна шиносонида буданд... Шояд кораш дуруст бошад. Шояд ман ҳоло ба хона сазовор нашуда бошам, шояд одамонро миёнарав карда хона гирифтан ба ў хуш наомада бошад. Ў надонад, ки ман касеро воситаву миёна накардаам; худи онҳо маро ҳизза гиронданд; некӣ кардан хостанд... Ба ҳар ҳол раис одами бад нест, коргарҳо ҳурмату эҳтиром кунандаш, ягон бор гапашро ду накардаанд. Сари забонашро нагирифтаанд, даст пеши бар «хуб» гўянд. Эҳтироми роҳбар ҳамин қадар» – барои таскину тасаллои дили худ мегуфт ў. «Меёбам» гуфт-ку, боз хубашро... Барои ман ҳамин мукофот аст. Бе ҷою манзил намонда бошам.... Хона гирам, Мулло-амак хафа шаванд: «ё ҳамроҳамон мемонӣ, ё ҳамроҳат мебарӣ» гўянд...
Гапаш рост. Хона ҳаст, дигар ба комиҷроия намеравам...»
...Ва нарафт ҳам. Ба хона рафт, ки хоб карда асаб ором гардонад, барои имрўз набошад, барои фардо лозим, барои дигарон набошад ҳам, худро ба кор ояд. Дунё ба умед...
Ва баробари аз дарвоза даромадан Ромиз занеро дид, ки худро дар пўстин печида даҳони дари – ҳуҷраи ў рост меистод. Пўстини шинос. Дилаш шуввӣ фурў рафт...
— Хайр, як дам дароед!.. – хоҳиш дошт Саида. – Хоначаи моро ҳам бинед.
— Ташаккур, ман ин хонаро дидагӣ, дар ҳамин хона калон шудагӣ, – мегуфт занак.
— Акнун мо дар ин хона калон мешавем, – аз пас садо дод Ромиз.
— Ассалом! – рў гардонда одоб кард Ҷаҳоноро ва саросема рафтанӣ шуд.
Ў баромад, аммо ахгари дили Ромизро, ки зери хокистар хуфта буд, доман зад, Саида ба гусели ў баромад. «Беҳуда не, махсус омадааст», муҳокимаю хулоса кард ў ва ба ҷои он ки дидори ў аламро тоза карда, асаб барангехта, сар ба дард оварад, рўҳ тоза ва дарди сарашро бартараф гардонд..

пешина
аз 428
навбатӣ