Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў зарра-зарра худро дарёбад...

22

Имрўз ҳам котиба Ромизро назди директор даъват кард, аммо дили ў ва пояш накашид, ки ба идораи директор дарояд: боз ягон гапи бекора ва боз хафагӣ ва боз фиш-фишу миш-миш. Даромадан намехоҳад... «Ромиз нест, гўед» аз дари қабулгоҳ сар халонда ба котиба гуфт ў ва зуд дарро пўшид, ки чизе гуфтани котибаро нашунид. Вале котиба баромада ва ўро дар зинапояҳои ошёнаи якум дарёфта, гапашро гуфт: «Шумо чӣ хел одамед? Ман ба директор, ҳозир меоянд, гуфтам. Боз даромада гўям, ки нестанд?» Ромиз як ба сару рўи духтарак нигарист ва чӣ хаёле ба сар омад, ки манаҳ соида аз роҳаш гашт...
— Масъала ҳал шуд, – баробари аз дар даромадани Ромиз гуфт ў..
— Кадом масъала, муаллим? – боадабона пурсид Ромиз.
— Масъалаи хонаи... Ба шумо гуфтам-ку, худам ҳал мекунам.
— Ташаккур, муаллим!..
— Ҳа, зуд коғаз-поғазро тахт карда ба Горисполком баред, ман гуфтам, хона мегиред, – аниқ! – таъкид кард ў.
— Ташаккур, муаллим!.. – гуфта баромад, вале зуд на, ҳатто дар як рўз коғазҳоро тахт карда натавонист. Чӣ душвор коғаз тайёр кардан, лекин беҳуда, коғазбозиҳои беҳуда...
Ромиз рўзи дигар коғазу ҳуҷҷатҳоро ба идораи комиҷроияи шаҳр бурд ва ба тавраш Юсуфро ошнодидор дониста наздаш даромад. Юсуф қоидаю қонуни ҳуҷҷатсупориро ба ў фаҳмонд:
— Марҳамат карда, ҳуҷҷатҳоятонро ба як конверт андозед ва ба болояш «ба шўъбаи умумӣ» нависед ва ба адреси идораи мо фиристонед. Баъд шўъба ба қайд мегирад.
— Чаро бо почта? – ҳайрон шуда пурсид Ромиз.
— Қоида ҳамин хел бошад, чӣ кор мекунед?
— Ин қоида барои ҳама, ё...
— Бояд ҳамин хел бошад...
Ромиз фаҳмид, ки аз дасти ин одам коре наояд, фақат барои номаш ҷойро банд карда нишастааст. Гап назада баромад ва назди раис даромаданӣ шуд, вале навбатдор ўро боздошт:
— Раис рўзи қабул дорад, марҳамат карда ҳамон рўз биёед, рўзи ҷумъа.
— Ман рўзи ҷумъа ин ҷо нестам, – як бор дурўғ гуфтанӣ шуд Ромиз.
— Ҷумъаи дигар меоед...

пешина
аз 428
навбатӣ