Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Каме шишта ист, Ромиз, – назди дари кабинети сармуҳаррири киностудияро нишон дода гуфт Соҳиб ва худ даромад, ки гап гирад...
Соҳиб дохили дари сиёҳҷилд шуд ва Ромиз дар курсии паси дар интизори баромадани Соҳиб нишаст. Он ҷо чӣ гап шуд, барои Ромиз торик буд, аммо ин торикиро котиба, ки папкаи имзоро гирифта назди сармуҳаррир даромада буд, равшан кард: дарро нимроғ гузошт. Ромиз гуфтугўи онҳоро шунид:
— Худат фикр бикун, Соҳиб, аз театр рондаанд, мегўӣ...
— Нарондаанд, худаш рафт...
Гўё Ромиз дар гирифт, ковок шуд, ки як бор сар халонда ба ў нигоҳ кунад, баъд дарро сахт пўшида баромада равад, аз қабулгоҳи ў бошитоб бадар шавад, вале мулохиза дошт, сармуҳаррир гуноҳ надорад. Бо вуҷуди он аз зинаҳои ошёнаи сеюм чӣ ранг фаромад, надонист, аз назди занаки дарбон гузаштанашро низ. Аз театр рафтан ин қадар сахт нарасида буд, аммо мусоҳибаи даруни дар ўро «кушт». Ў чун одат манаҳ насоид, балки пуччид, фишурд; ангуштонашро бозӣ надоронд, балки мушт карда фишор дод; дандон ба ҳам соид, ки танҳо гоҳи сахт маст шудан ва ниҳояти ғазаб чунин мекард.
«Ромиз, ҳо, Ромиз!» ин садо хаёли ўро пароканд. Ў ба пас нигарист, аммо касеро надид; яқин кард, ки гўшҳояш садо диҳанд.
Садо боз такрор шуд. Ромиз бозистод, атрофро аз назар гузаронд, касеро надид; гумон кард, ки рафиқе бо ў бозӣ кунад. Шояд Соҳиб ўро аз саҳни киностудия ҷеғ занад?.. Вале Ромиз нахоҳад, ки Соҳибро бинад; ба ў як навъ нафрат пайдо кард: «Аз дастат наояд, шарманда накун буд». Касе наомад. Гўшҳо фиребаш додаанд. Ангушт даруни гўш бурда, мисли мурғе, ки бо панҷа паси гўш афшонад, тез-тез ангушт ҷунбонд, бори дигар ба пас нигарист, сонӣ ба тангкўчаи дасти рост гашт. «Худаш, Ҷаҳоноро» – занаки аз троллейбус фаромада ба тангкўча даромадаро дида гуфт Ромиз ва баъд муҳокимаи ботиниашро давом дод: «Садои ў буд – садои муаллима, маро ҷуста, наёфта рафт... Ҷаҳон! Ҷаҳон! Ҷаҳон!» Дили ў фарёд баровард, тез тапид ва вуҷудаш ба ҳаракат овард, қариб ки тозад, вале ўро дарнаёфта ҷавонзан ба дарвозаи чаҳордаҳуми тангкўча даромад. Ромиз гузаро шуда рафт ва бозгашта омад.
Дергоҳ нигоҳ карда истод, ки барояд, аммо аз ў дараке нашуд.
«Муаллима буд? Ин ҷо чӣ кор кунад?..»
Дарвоза кушода шуда духтарчае баромада сўйи магазин тохт ва як калла нони бўлка гирифта баргашт. «Пурсам? Аз ҳамин духтарак пурсам?» ба худ суол кард Ромиз ва боз аз нияташ гашт.
Духтарак дартоз паси дарвоза шуд. Ромиз дарвозаи бегона будани онро дониста ба худ омад, ба роҳгузарҳо нигарист. Ба назар, ҳама

пешина
аз 428
навбатӣ