Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ромиз палтои устодро кушода дошт, то пўшад. Устод палтои пилта-пилтаро пўшид, телпаки андатраро ба сар гузошт ва боз «рафтем» гуфт. Ин дафъа Ромиз ба мўи мошубиринҷи ў нигарист ва дилаш таҳ зад, ки умри устод ба пирӣ кашад; лек торҳои мўи сафед ўро бануртар ва мўътабартар нишон диҳанд. Устод оҳиста-оҳиста гардад ва намояд, ки хаёле пои чапаш чамад. Вазнин қадамҳои устод. Ромиз ифтихор дорад, ки ҳамрохи чунин одам меравад ва шарм ҳам дорад, ки устодро озор диҳад. Аз ин рў худро андаке ақиб кашид. Дастони устод пушти бар, дастпўшакҳо дар даст, пиёда равон аст. Ронанда майли мошинро гирондан кард ва дид, ки устод пиёда меравад, аз раъяш гашт. «Ҳумм»
– гўё давоми сухан мегуфта бошад, нидо баровард устод. Ромиз худро қафо кашидан дошт. «Ҳумм, гардед, як назди раис дароем»
– гуфт устод. Ромиз тез гашта ба ў баробар шуд. Вале надонист, ки назди кадом раис, раиси шаҳр ё ягон раиси дигар. Вале устод ба роҳи дигар гашт. Маълум, ки назди раиси шаҳр намераванд.
Устод ўро назди раиси республика бурданист. Посбонҳо устодро низомиёна пешвоз гирифтанд ва рухсати гузар доданд, вале Ромизро боздоштанд. Ў устодро нишон дод, ки ҳамроҳ меравад. Худи устод ҳам пай бурдагӣ барин баргашта «бед» гуфт ва тараддуди кашидани палто кард...
Танҳо вақте ки Ромизро дар қабулгоҳ «ҳамин ҷо шинед» гуфта, устод назди котибаи фатиламўй гузашта, як дари ҷилддори дутабақаро кушода даромад, ў фаҳмид, ки куҷо овардандаш. Ромиз духтаракро тамошо карда нишаст. Баъди хеле вақт занге котибаро назди раис хонд. Котиба даромада ва баъд баромада «марҳамат»
– гуфта Ромизро ба дарун фармуд. Дили Ромиз гуп-гуп зад. Ў чун санъаткор аввал худро ба тартиб овард, галстукашро таранг кард ва баъд оҳиста дарро кушода сар халонд.
— Ассалому алайкум, – деҳқонвор салом дод.
— Ана ҳамин кас, – алейки раисро бурида гуфт устод.
— Бисёр хуб, – аз ҷо ковок шуда даст дароз кард раис, ки Ромиз кӣ будани ўро хуб медонист ва борҳо аз дуру наздик дида, бори нахуст рў ба рў шуд.
— Ҳамин хел ҷавони боғайрату... а, домулло! – сўи устод муроҷиат кард ў.
— Ҳа-ҳа, – зебо табассум карда тасдиқ намуд устод ва суханашро давом дод. – Ин кас як гуноҳ доранд, раис, – гўё ба Ромиз эътиборе надода ва ҳама фикру зикрро ба раис равона карда, гуфт устод, – гуноҳашон ин, ки шеърро ниҳоят олӣ мехонанд.
— Шунидаам, – тасдиқ кард раис.
Китфи Ромиз бардошта шуд, вале аз шарм тафсида арақ қард.
«Маълум ки пешакӣ дар бораи ман фикр кардаанд» – аз дил гузаронд Ромиз, вале сухани раис хаёли ўро бурид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор