Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ба тракт.
— Трактро мон, – ба папкаи дасти ў нигарист Ромиз ва боз пурсид: — Айнаки сиёҳ дорӣ?
— Не...
— Биё, дар мизи ман ҳаст, – гуфта Ромиз аз ғазаб фаромад ва шерак шуда, аз роҳаш бозгашт: «комедия бошад, комедия».
Ба Хуршед гап ёд додан ҳоҷат набуд. Фақат сари гап барояд бас. Ў ҳозирҷавоб, ягон латифа гуфта масхараю мазоҳ мекунад.
«Комедия бошад, комедия» – такрор карда алами дил бароварданӣ мешуд ў.
Онҳо дар кабинети Ромиз либос кашиданд. Ў айнакро ба чашми Хуршед гузошта, «аз назари операторию режиссёрӣ кори калон»
гуфт ва папкаро зери каши «ревизор» дода ба пеш ҳидоят кард.
— Ревизорро овардам, муаллим! – дарро кушода ва иҷозат напурсида гуфт Ромиз.
— Ҳамин кас? Ҳамин кас моро безобита карданӣ? – масъаларо ба таври худ фаҳмида гуфт ў.
— Безобита не, рол бозӣ карданӣ.
— Хўш, рафиқ, ревизор, мо чӣ гуноҳ кардем, ки...
_ Ревизор тафтиш накарда, ҳеҷ чиз гуфта наметавонад... Аввал пурсиш, баъд кушиш, гуфтаанд...
— Не, шумо дар назди дўстони ман гўед, ки мо чӣ камбудӣ кардем, – ҷамоаро нишон дода гуфт, – марҳамат аз инҳо пурсед, ки дар ҳаққи ман чӣ мегўянд, пурсед, ки ягонтаи ҳаминҳо аз ман бадӣ дидаанд ё ягонтаашонро «ту» гуфтаам.
— Дўстони хуб доред...
— Хубам гап, рафиқ ревизор. Қанӣ Баротбек, Отабек, дар чойхонаи «Хлопковий» як ошча... Худатон бинед, рафиқ ревизор.
Акнун айнакатонро гиред, як бинем, ки....
— Ман кўр ҳастам, рафиқ даректор, агар айнакамро гирам, аз чашмони шилпуқам дилатон беҷо...
— Ҳай-ҳай, лозим не! Лекин гуноҳи моро гўед, мо шуморо ҳамчун ревизори номӣ дар назар дошта будем, ки телевизори мо қатӣ баромад кунед.
— Ман артист не, рафиқ директор, ман ревизор, кори ман
– ҳисобу китоб...
— Ҳисоб пок... А-а-а, маҷлисамон тамом, – ба коргарон рў овард ў, – ба ҳама ҷавоб...
Ҳама баромаданд. Вақти баромад баъзеҳо каҷ шуда ба директор чизеро фаҳмондан хостанд, вале ў аз ревизор бим карда «баъд-баъд» – гуфта мурғро кишк гуфтагӣ барин ишораи даст кард, то зудтар бароянд. Баъди баромадаии ҳама телефони директор занг зад. Ў гўшакро бардошту монд. Боз занг шуд, боз директор гўшакро бардошту монд. Ромиз пай бурд, ки касе масъаларо ба воситаи телефон ба ў фаҳмонданист, вале ў гўшакро бардораду монад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор