Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Маҷбур шудам, ки бо ишораи даст ҷониби Сари Осиёро нишон диҳам... Ҳамин вақт Саид сўхтаҷигар расида омад.
Бо як амр аскарони Сурх пушти аспҳо шуданд ва чанори азими Сари Осиёро дид карда асп ронданд. Албатта барои ману Саид асп набуд, ман дар пушти аспи саворе нишастам, вале Саид пиёда монд... Ҳамаи ин бо суръате гузашт, ки нафаҳмидам чӣ шуд. Ҳоло ҳам чизе дар шохи чанор алвонҷ мехўрд. Ман баробари дидани он фарёд зада аз паси асп афтодам. Ҳамин қадар дар ёдам монд, ки он чизи кашол ҷасади бародари ман буд...
Бузро ғами ҷону қассобро ғами чарбу – ман дар ғами марги бародар, вале ба ман фаҳмонданд, ки аз барои ман босмачиҳо Юнусро куштанд; мани комсомолро кофта, наёфтаанд ва бародарамро дастгир карда дар шохи чанор овехтаанд, ғаниматиро ғорат кардаанд... Ва боз тахмине ҳаст, ки қўрбошӣ барои Садафмоҳ ин корро кардааст. Барот аз ин сирр огоҳ гашта хоҳарашро гурезондааст..., Бародарамро гўру чўб кардем. Давлату дунёиаш намонда буд, Садафмоҳ дар Гулписта пинҳонӣ мезист ва касе набуд, ки хуни бародарам Юнусро биситонад. Зўри ман намерасид, барои ҳамин мурдаамро ба Гарнизон партофтам. Медонистам, ки ин корро танҳо аскарони Гарнизон карда метавонанд... Вале...
Вале ин корро касе кард, ки ақли кас ҳайрон мемонад... Мо ҳам хотирҷамъ будем, ки Садафмоҳ дар Гулписта – дар хонаи аммааш аст. Сонӣ маълум шуд, ки қўрбошӣ (Нусрат мегуфтанд ўро) дараки ба Гулписта рафтани Садафмоҳро ёфта, ба он ҷо тохт оварда ва Садафмоҳро рабудааст... Ман аз ин қиссаҳо бехабар будам. Вақте аз ин сирру савдо хабар ёфтам, ки Садафмоҳ ба Гарнизон омад. Ғояти шаб омад. Ҳама хоб буданд. Маро аз хоб бедор карданд, ки назди командир биравам... Баробари дари командирро кушоданам Садафмоҳ фиғон бардошта ҷониби ман омад ва сар ба сари синаам гузошта ҳу-ҳу гирист.
— Қаҳрамон, ин зан қаҳрамон, – командир аз курсӣ боло шуда ҳарфҳои забонаш намегаштаро ба русӣ мувофиқ карда гуфт, сар ҷунбонда – сар ҷунбонда даст ба китфи Садафмоҳ гузошт ва «бас, гиря надорад фоида» гўён хоҳиш кард, то Садафмоҳ ором шавад.
Рўи мизи командир таппонча меистод. Командир рафта онро гирифт ва хуб нигоҳ карда «англисӣ» гуфт. Ман маънии сухани ўро нафаҳмидам... Садафмоҳ ором шуда оби чашмашро пок кард ва боз ба курсии командир ишора карда амонат нишаст. Ман ҳайрон будам, ки ў чӣ зайл аз дасти қўрбошӣ раҳоӣ ёфтааст. Ў дар қадаш аз бародари ман фарзанд дошт, бо ў чӣ шуда бошад?
Барои ҳамин на ба рўи ў, балки маънигирона ба шикамаш менигаристам. Садафмоҳ шикамашро дарун медуздонд. Ва шояд сабаби ба курсӣ амонат нишастанаш ҳамин бошад, ки...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо