Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Дигарон завқ карданд.
— Ҳозир ҳама чиз барои занҳо, Мулло-амак! – ба гап ҳамроҳ шуд Хуршед. – Замони модархудоӣ. Фақат моҳонаатонро оварда диҳед, ба он тарафаш коратон набошад; бозор меравад, магазин меравад, кор мекунад, аз корхона сумкаашро пур карда меорад, баччаҳоро аз боғча мегирад, мепазад, мешўяд, ҳатто ҷояш ояд, шуморо оббозӣ медорад....
— ...ва ҷояш ояд, бозӣ медорад, – ҳамроҳ шуд Ҳамза.
— Бале... Ҷовидон бодо зан! – қадаҳ бардошт Хуршед ва сўи Ҷаҳоноро нигарист. Ва Ҷаҳоноро мазмуни сухани Хуршедро чи хел фаҳмид, ки сар ҷунбонида кадаҳ бардошт ва бозпас рўи миз гузошт.
— Гапат як китоб гап, писарам, – сухани Хуршедро тасдиқ кард Мулло-амак. – Агар ҳамин ҷаннатӣ намебуд, намедонам, чӣ кор мекардам, – ба сўи Хола-мулло ишора карда ва сар ҷунбонида гуфт Мулло-амак.
— Барои Хола-мулло! – қадаҳ баланд кард Ромиз.
Ҷаҳоноро қадаҳи бозгузоштаро пас гирифт...
Давра гарм шуд ва мароқангез, вале чизи дигарро интизор буд:
гумонаш, ки Мулло-амак саргузашт мегўяд ва як худи Ромиз не, балки ҳама донанд, ки ин одам чӣ касест. Махсусан Ҷаҳоноро ин қиссаро бояд нуқта ба нуқта донад. Ромиз надонад, ки сухан аз кадом боб аст, вале дилаш гувоҳӣ диҳад, ки ў ин чизро бояд донад... Ромиз аз ҳаяҷони зиёд ва фикри пуршиддат арақ кард, арақи хўрдааш гўё аз танаш баромад.
— Ман меравам, дада, баччаҳо танҳо, – гуфт Ҷаҳоноро, аммо надонист, ки ба давра ва ба сари Ромиз як сатил оби хунук рехт.
Бадани Ромиз сард шуд ва надонист, ки арақи хўрдааш куҷо рафт.
— Хайр, як дамак шинед, – хоҳиш кард Саида.
— Шинед-шинед, бурда мемонем, – ба мошинаш ишора кард Ҳамза, ки кайҳо ин чизро гуфтан ва фаҳмондан мехост.
— Ташаккур, хона наздик.
«Чаро дада? Чӣ хел дада? Амакам, гуфта буд-ку?» – хаёл мекард Ромиз. «Мулло-амак низ духтарам мегўянд»...
— Хайр! – бархест Ҷаҳоноро. – Умри дароз бинед! – гўё барои ба ў сухан надоданашон хафа шуда, сари остона сухан гуфта аз дар баромад. Ҳамза низ аз паси ў баромад, ки то хонааш бурда монад, аммо Ҷаҳоноро розӣ нашуда, пиёда рафт ва Ҳамза гўё аз хок хўрдани тираш ва рафтори худаш шарм карда, дигар надаромад ва Хуршедро низ хонда, берун овард ва «Ба Мулло-амак узр гўй» гуфта, ба Ромиз фармуда, рафтанд..
Чаҳор тан монданду тифли гаҳвора.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо