Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агар ту дар он хона машқ кунию ман аз ин ҷо гўш диҳам ва заҳмати актёриро баробари ту дарк бикунам, худро хушбахт донам... Лекин ин чиз туро лозим нест. Худат чунин заҳматро донӣ, басанда аст. Ман заҳмати шуморо тасаввур мекунам, тасаввур мекунам, ки аз гуфтаи нависанда дар саҳна одами зинда сохтан ва дар пўсти каси дигар даромадан чӣ мушкилие дорад. Оё дар ин хусус ба ғайр аз нависандаю актёр боз ягон каси дигар фикр кунад? – Пиндошт ба чунин Ромиз ҷавоб мегардонад, гардан тофта ба баландие нигоҳ кард, ҳамзамон ба рўи ў чашм дўхт.
— Ман дар ин бораҳо фикр намекардам, Мулло-амак, хаёлам, ки эҷодкор намиранда. алалхусус дар замони мо, ки ба туфайли лентаи кино зиндаи зинда монад... Мисли Хоҷа Абдулазизу Содирхон хушхонҳоро зинда кунанд, як суруди дар қартаҳо сабт кардаи онҳоро аз дасти мардум пайдо кардан ид аст...
— Бишин, – дасташро ба рўи кўрпача тапӣ зада гуфт Муллоамак, – нишаста гап зан...
— Мулло-амак, як сари қадам телестудия рафта оям, сонӣ сўҳбат мекунем, – гуфт Ромиз, вале пай набурд, ки чӣ қадар ин одам муштоқи мусоҳиб аст...
12
Саида иҷорапулиро бурд. Хола-мулло «ба ҷонам, ба даҳони пишак андозед» гуфт. Саида аввал ҳайрон монд, сонӣ хафа шуд, ки чаро ин зани меҳрубон, ҳатто нигоҳ накарда, чунин гўяд. «Ба пишак диҳед, ба даҳони пишак андозед». Ин хел намегуфт Холамулло, балки «бисмиллоҳи раҳмони раҳим» гуфта аз дасти ў иҷорапулиро мегирифт ва ба киссачаи чапи камзўлчааш меандохт. «Чаро ҳайрон мондед, баччонам? Ба даҳони пишак андозед!» ба ишораи даст «пишаки» болои сервантро нишон дода гуфт Хола-мулло. «Э, мани гаранг, ҳайрон, ки пишаки ин кас дар куҷо бошад» андаке сурх шуда гуфт Саида ва дароз шуда ба даҳони ялаи «пишак» як биступанҷсўмаро андохт.
— Минбаъд ба ман пулро нишон надиҳед, келин-мулло, овардед, ба ҳалқи ҳамин пишак андохтан гиред.
— Хуб, – гуфта Саида баромад ва сурхи алвон гашта воқеаро ба Ромиз ҳикоя кард.
Ромиз аввал табассум кард ва ҳамон лаҳза қиёфааш дигар шуд.
«Мураккаб, он қадар мураккаб, ки... Ин одамон, зиндагӣ он қадар мураккаб, ки авлиё бошӣ, актёр бошӣ ҳам, сарфаҳм наравӣ, ҳол он ки актёр ба ҳама чиз бояд сарфаҳм равад, вагарна вай актёр нест: на актёри саҳна ва актёри зиндагӣ... Ин мардум дурро андеша кунанд, Саида, мо ба ин чизҳо сарфаҳм намеравем, барои ин як умр зиндагӣ карда, як умри дигар омўхта ва як умри дигар ба дигарон омўзондан лозим аст...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо