Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Гаштаю баргашта фикр карда худро таъна занад, ки бо корҳои беҳуда овора. Вақт равад, ў нафаҳмад. Хурсанд буд, ки Ҷаҳоноро ўро ба роҳи дуруст овард ва боз пушаймон, ки сараш банд, ҳеҷ кор карда натавонад. Ў Саидаро назди кўдак фиристод ва худ чароғро хомўш карда, дар хонаи торик рўи диван дароз кашид. «Чаро ҷавононро наҳ зананд?... Бетарбият, гўянд, рўинатан, гўянд, хурду калонро намедонанд, гўянд, беистеъдод, вале сердаъво ҳам гўянд, боз сифатхои пасту нолоиқ...» Дар торикӣ чашми гурба барин чизҳои зиёде аз ҳар кунҷи хона, танаи деворҳо пайдо шуданд.
Воҳима гирифташ, вале нахест, чароғро наафрўхт, қасдан ба он «шабчароғҳо» нигоҳ карда истод, ки ҳар яке ба сурат бадал шуданд; ба шакли онҳое, ки ба Ромиз як чиз гуфта ва ўро сарзаниш карда бошанд, пайдо шуданд ва чун Ромиз аз дидори онҳо рў тофтанӣ шуд, дандонҳо газ-газ дароз гашта боз даруни чароғакҳо фурў рафтанд. Ў худро озмуд, ки ба ин ҷондорҳо муқобил истода тавонад ё на. Ҷаста хест. Онҳо як-як гум шуданд, хона ҳоло ҳам торик буд. Садои дар баромад. «Ромиз» садо кард Саида.
— Ҳа. – Оҳиста ҷавоб дод ў ва ларзиши садояшро зан пай бурд. Ў чизе нагуфта чароғро гиронд ва бо тааҷҷуб ба Ромиз нигарист:
— Ромиз?!
Ромиз сар бардошт. Чашмонаш сурх гашта, зери онҳо ҳалқаҳои сиёҳ пайдо шуда буданд. Ба назари зан авзои ў беҷо ва рангаш парида намуд. Саида нон ва косаи угро рўи миз гузошта, хомўш рафта пешонии ўро дошт, ки ҳарорат дорад ё на. Сард буд пешониаш. Саида ҳайрон шуд.
— Ромиз?! – боз хитоб кард ў.
— Ҳеҷ гап не.
— Хола-мулло, шумо аз мор тарсидагӣ гуфта угро пухтаанд,
– барои фикри ўро ба ин тараф гардондан қасдан гуфт Саида.
— Ман аз бало наметарсам, шўхӣ кардам, – аз дар баромада гуфт Ромиз.
— Кошкӣ...
Ромиз ба халтаҳои ангишти пеши дар дер нигарист, ба оби қубур дасту рўй шуст ва хеле ҳаял карда даромад.
— Хўрок хунук шуд, Ромиз.
— Угроро хунук мехўранд, – қатраҳои оби дасту рўяшро пок карда гуфт Ромиз.
— Чой биёрам?
— Не. Назди кўдак равед, – боз таъкид кард.
— Шумо имрўз дигар хел, Ромиз, – оқибат тоқат накард Саида.
— Образи марди ҷиниро фикр кунам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо