Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ромиз ҳайрон; ба гуфтору рафтори Хола-мулло ҳайрон; ҳоло тифлро гирифта бурд ва нагуфт, ки ягон чиз лозим, ў чӣ кор бояд бикунад... Ў дари айвони онҳоро кушода Саидаро ҷеғ зад: «Ба ман ягон хизмат нест?»
— Ҳаст... Хола-мулло мегўянд, ки бозор рафта сабзии сурхи обдор биёранд.
— Тамом?
— Хола-мулло, дигар ягон чиз лозим не?
— Не, гардам... – садои Хола-мулло аз хонаи дарун омад.
Ромиз дарро пўшида рафт. Вале Хола-мулло берун омада, як табассум кард ва аз дарвоза баромадани Ромизро дида гуфт:
«Писарамон аз ман хафа; барои шумо шуда, келин-мулло, андак гапҳои сахт задам. Ҳатто гуфтам, ки як хешамон хат кардааст, ки рафта истодаам, ба ман хонаю ҷой тайёр кунед...» Хола-мулло дид, ки ранги рўи Саида дигар шуд, худаш низ безобита гашта, сурфид.
— Ҳеҷ гап не, Хола-мулло, писаратон аз шумо хафа намешаванд.
— Ҳамтую ба ҳар ҳол ба дил гирифтагӣ барин...
— Не, Хола-мулло, ба дил мегирифтанд, мегуфтанд...
...Ромиз бехабар дар беруни дарвоза ўро «волгаи сиёҳ» нигарон будааст. Вале Соҳиб набуд. Хуршед давида аз мошин фуромад:
— Мо шуморо ба «Боғи ҳайвонот» даъват мекунем.
— Дер шуд, – ҳазли ўро пай бурда гуфт Ромиз. – Вақтҳои бекориам гапи дигар буд; ба сару танам пўсти хирс кашида, аз даруни қафас бо одамон саволу ҷавоб мекардам, ҳай саволҳо медодамашон....
— Агар одам ҷадди худро дар қафас нигоҳ медошта бошад, худи ў низ нишинад, чӣ ҷои айб?
— Чашм, ҳар чӣ аз дўст – некўст.
Ҳамза ва Раҷаби гачакзабон механдиданд.
Аввал бозор рафта сабзӣ оварданд ва баъд «Боғи ҳайвон»
рафтанд.
«Ум бак-бак, ум бака-бак!» дар сари оташдон ҳам Ромизро бо нағма пешвоз гирифтанд. Ромиз, ки имрўз хушнуд буд, аз чунин пазироии дўстон шод гашт, барои табъхушӣ ба ҳавои нағмаи эшон даст партофт. Рафиқон баробар хандида, гўё ки Пеле тўби охирин зада командаашро чемпиони ҷаҳон гардонида бошад, Ромизро рўи дастҳо бардошта, боло партою дор карданд. Сипас ўро ба замин гузошта, лаҳзае хомўш монданд ва баъд мисли паради ҳарбӣ, ки хитобаи вазири мудофиаро ҷавоб гўянд, дод заданд: «ура, ура, ура!!!» Боз ханда шуд, вале ба деги ҷўшон оби хунук рехтагӣ барин зуд хомўш шуданд. Хуршед аз таги шипанг бар лаъличае чанд стакан бардошта омад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо