Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ба дилатон ягон гап наояд. Хоҳам, ки ў низ мисли худатон ягона бошад...
— Чун ман?! – пурсид Ромиз ва баланд хандид.
— Шумо худатонро нашинохтаед, Ромиз...
«Шумо худатонро нашинохтаед, Ромиз» ба худ такрор кард ў ва андешид, ки занак ба ташвиш андохташ. «Рост... Модом ки худатро нашинохтаӣ, ба дигарон низ шиносонида натавонӣ, ин чизи оддӣ, барои ин майна об кардан ҳоҷате надорад, беҳтараш, ки барои дигар корҳо майна об бикунӣ; майна об бикунӣ, биандешӣ, ки барои халқ, барои Ватан чӣ хидмат карда тавонӣ. Шояд як деҳқоне, ки баробари Офтоб – аз тулўъ то ғуруб меҳнат мекунад, барои Ватан саҳми зиёде дошта бошад, шояд як коргаре ки як дақиқа аз сари дастгоҳ дур рафта наметавонад, хидмати шоистатаре дошта бошад... шояд. Лекин дар зиндагӣ ҳеҷ кас хидмати дигареро карда натавонад. Ҳар кас дар рўи замин ҳаворо фишор дода барои худ ҷой кобад, одамияташ кам; зеро ў танҳо хештанро бинад... Ман худро нашинохтаам, аз ин рў аз ҷои ишғолкарда гурезам; надонам, дар зиндагӣ чунин касон чӣ касонанд, ки ҳатто ҳаворо ҳам фишор додан намехоҳанд;.. Нодон! Шояд ҳамин хел бошад: ба назари баъзеҳо ҳамин тавр будагист, лекин ин хел одамон қадру қимати худро донанд... Шояд худношиносиашон дар ҳамин бошад? Балки онҳоро дигарон фаҳмида ва ё шинохта натавонанд? Балки ин зайл касон заминитаранд; андешаманд; бошад ки андешаи рўзгор эшонро то ба ин ҳол оварда?..» – Ромиз сар миёни кафҳо гузошт, фишурд ва «чӣ хаёлҳое?» гўён сар афшонд ва интизор бишуд, ки Саида ҳозир дари таваллудгоҳро боз карда мебарояд ва тифли навзоди ў аз ҳамин остона ба зиндагӣ по мегузорад. Ўро ташвиш ба сар омада, дигаронро низ ба ташвиш андозад. Ба ташвиш андохтанаш табиӣ; ў фарди асри бисту як гардад, кадоме ки ҳама мардумони имрўза орзуи дидани онро доранд ва Ромиз имон дорад, ки ин аср бузургтарин касонро рўи об барорад ба мисли асри нуздаҳ ва бист. Дар нимаҳои асри бисту як ҳама ташвишҳо басанда гарданд ва бузургтарин «ақлҳо»
арзи вуҷуд кунанд, зеро то ин вақт ҳама ташвишҳо: худбиниҳо, касфурўшиҳо, нотавонбиниҳо... бартараф гарданд ва монад, ки хирад, ақл, матонат ва мардонагӣ худфурўзӣ бикунад. Ва то ин дам ҳар неку баде, ки буд, барои ҳамин рўзи нек буд. Он вақт на Картер монаду на Рейган. Аз таълими бади чунин касон башарият ибрати нек гирад. Ва боз як чизи дигар ҳаст, ки зиндагӣ ширин гардад ва ҳар кас аз ҷони худ тарсад ва нахоҳад, ки шарбати ҳаёт начашида бимирад. Инсон аз зиндагии бад зудтар фавтидан хоҳад:
«Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст».
Садои тифли навзод баромад. Ромизро ба худ овард. Ў гумон кард, ки ин овози худаш аст, вагарна ин зайл як қад намепарид.
Ромиз худашро дар ҳар куҷо зарра-зарра дармеёбад: дар хамгашти кўчаҳо, дар садои тифлон, дар гуфтугузори одамон, дар мулоҳизаҳои санъатшиносон ва махсуси махсус дар ашъори Рўдакӣ ва дар симои худи ў.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо