Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Боз «очи баччаҳо, ҳо очи баччаҳо!» гуфта хитоб кард.
Онҳо медонистанд, ки «очи баччаҳо» кист, барои ҳамин занаке, ки аз тиреза сар бароварда буд, хандида зуд сар пас кашид, «очи баччаҳо» назди тиреза ҳозир шуд.
— Хоб дидед? – баъди салому алейк пурсид Саида.
— Хоб равед, ки хоб бинед, – бедорхобиашро ба Саида фаҳмонданӣ шуд Ромиз.
— Чӣ шуд? – пурсид Саида ва тоқат накарда, – Аз роҳрави паси бино биёед! – гуфт.
Ромиз раҳро ёфта рафт ва Саида низ дари пасро кушода наз ди Ромиз баромад. Чашмҳо ба ҳам дўхта шуданд, вале кӣ чӣ гуфтанро намедонист, гўё бори аввал ҳамдигарро дар хилватгоҳ дида бошанд. Саида шарм мекард. Ромиз метавонист воқеаро гуфта, Саидаро шод гардонад ё хафа, аммо артистӣ кард. «Паҳлавон чӣ тур?» Саида «нағз» гуфт ва илова кард: «Боз Хола-мулло ташвиш кашиданд?».
— Хола-мулло барои мо бисёр ташвиш кашидан хоҳанд. Занаки аҷиб...
Ромиз як даҳан пур кард, ки гапи Хола-муллоро гўяд, вале Саида сари забони ўро-гирифт:
— ...Ин ҷо занҳое ҳастанд, ки ҳатто аз модарашон меноланд, модарашон хабар намегиранд...
— Ҳастанд, рост...
— Хайр, Паҳлавонатон гиря накунад, – гўё аз дили Ромиз маънӣ кашид Саида.
— Фарёдӣ аст?
— Ҳо, ҳофиз мешавам мегўяд.
— Ҳоҳ!?
Онҳо хандиданд. Ромиз гардани Саидаро бо дасти рост оғўш карда, сонӣ банкаро ба дасти ў дод...
5
Маҷмўи либоси тифлон нав ба мўд даромада буд. Вале Ромизи бепарво аз ин чиз хабар надошт; ў чунин одам; ба магазину бозор парвое надорад, мўдҳои навро дар танаи одамон мебинад, худаш ба ин чизҳо аҳамият намедиҳад; чизҳое ёфта пўшад, ки баъзан «Барои шумо барин артист назебад» гўянд. «Одамӣ на бо либос»
ҷавоб диҳад ў ва чунон пўшад, ки баъзе касон чунон пўшидан хоҳанду гўё ор кунанд. Оддӣ пўшад ў, чит пўшад, лек зебо пўшад, озода пўшад ва миёни ҳамсафон дигаргуна тобад. «Ҳар кас аз дилу нияташ, ботинаш тоза бошад, ба рўй ҳам занад, меваи тоза ҷило дорад». Ромиз ин хел касонро хуш надорад, ки доим дар бораи либосу хўрок гап зананд; бад бинад, ки дигар чизҳоро монда дар бораи либоспўшии ў гўянд, шум бинад, ки ялтар-юлтур пўшанд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо