Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Табрик! – даст ёзонда гуфт Ҷаҳоноро.
— Ташаккур! – гўё намоишаш ба табрики Ҷаҳоноро намеарзида бошад, оҳиста гуфт Ромиз ва хам шуда гулдастаро ба духтарча дароз кард.
— Не! – шарм карда худро паси модараш кашид духтарча.
— Гир, ин гули ман шуд...
— Не! – куртаи модарро пушт кашида гуфт ў.
Дугонаи Ҷаҳоноро зеҳн монда, ба Ромиз менигарист. Чашми Ромиз ба ў афтиду безобита шуд, гумонаш, ки Ҷаҳоноро нигоҳи ўро дида бошад. Хиҷолат кашид. Ромиз бисёр мехост, ки бо Ҷаҳоноро тан ба тан бошад, аммо ин хоҳишро гуфта наметавонист.
Духтарак низ бисёр мехост, ки актёрро дар саҳна не, балки аз наздик бубинад, дурусттар бубинад ва ҳатто донад, ки сирри ин қадар мардумро ҷалб карда тавонистани ў дар чист. Ва боз намехост, ки модари зебою ҷавонаш рў ба рўи ин мард истода гапгап кунад. Одатан духтарон хоҳанд, то модарашон бо ягон мард гуфтугў кунад, монеъ нашаванд, писарбаччаҳо, ки модарашон бо ягон марди ношинос гап-гап кунад, ҷигот гиронда, абрў чин карда, зуъмӣ чанд вақт гап ҳам намезананд, лекин чӣ муаммост, ки духтарак бо вуҷуди модарро дўст доштан, бо вуҷуди актёр ба ў маъқул будан гардан кашидан дорад ва ҳатто домони модарашро сар дода, аз домони аммааш – Тозагул гирифта «Рафтем, амма» мегўяд. Рафтору гуфтори духтарак Ромизро як қад парронд. Ҳатто ў дасту по хўрд, ки дар назди он занак бо Ҷаҳоноро гапзанон мекунад, шукр ҳам, ки ягон гапи ноҷо нагуфт. «Ин кас дар хонаи дадам мешинанд» гўё ҳаяҷони дили Ромизро пай бурда фаҳмонд Ҷаҳоноро, вале нафаҳмид, ки чунин шиносоӣ чӣ қадар ба ў сахт расид: Ҷаҳоноро Ромизро на ҳамчун яктёр, балки чун иҷоранишини дада шинохтааст. «Ташаккур ба шумо!» гуфтанӣ шуд Ромиз, лекин худдорӣ кард, зеро ҷавонзанро ранҷониданӣ нест. «Рафтем, амма!» ғаш кунад духтарак. «Ҳозир!» он қадар дили рафтан надорад Тозагул. Пиндорӣ, ки чашми Ҷаҳоноро бо чашми Ромиз дўхта шудаанд. Ин чизро Тозагул тамошо кардан хоҳад, аммо духтарак чашми дидан надорад. Ҷаҳонорою Ромиз ин чизро пай набаранд. «Рафтем, оча! Дадам танҳо»...
Ромиз боз як қад парид. Сонӣ дар як они воҳид ҳамон хоби дидаашро пеши назар овард, ки падари ин духтарак рўи кати саҳни ҳавлӣ фалаҷ хобидааст. «Бубахшед, вақтатонро гирифтам, хоби духтари ширин омад»...
4
Ромиз хаёл дорад, ки ҳуҷраи иҷора моли худаш бошад, барояш мувофиқ аст. Зеро на карру фарр, на ташвиши мебелу гилем,
на ваъдаю миннати ёру ҷўраҳо. Гуфти Соҳиб: «Хона гирӣ, баъд мефаҳмӣ».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо