Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инсон бояд кореро ба хотири касе ва чизе бикунад. Тақдир тақдирҷунбон дорад ва кор – корҷунбон; тақдирҷунбон ва корҷунбони Ромиз ҳамин зани зебост.
Кафкўбии зиёд Ромизро ба худ овард ва ў пай бурд, ки қисми аввали намоиши ў хуб гузашт. Ў дар паси парда, кафкўбии тамошобинонро гўш дорад ва боз ба андеша меравад: «Шояд барои намоиш набошад, шояд барои ба саҳна баргаштани ман бошад ё... На! Барои Рўдакии бузург?..» Ба ҳар ҳол хуб буд. Барои ҳар касе бошад, Ромиз дар назар дошта мешуд; тамошобинро хуш омада бошад, ба туфайли Ромиз хуш омад, вале худи ў ин чизро дигаргуна фаҳмад ва донад, ки ба Ҷаҳонорои номеҳрубон чӣ хел фаҳмонад; шояд ягон вақт худаш фаҳмад, ба забон омада ба Ромиз ин чизро гўяд; гўяд, ки мақсади ман шуморо ба саҳна баргардонидан буд; ману шумо...
Ромиз тоқат накарда аз роғи парда ба аҳли толор нигарист, ки чашмони зебо ва ранги ботаровати ўро бубинад, аммо ўро дарёфт накард, табъаш хира шуд: «Наомадааст, қасдан наомадааст...»
— Устодо! Хилъат бадал намекунед? – касе аз шогирдон, парешон будани Ромиз ва гузаштани вақтро дониста, аз паси парда чунин савол кард.
— Осуда бошед!
Саҳнаи дигар.
Рўдакӣ либоси шоҳона пўшид... дурусташ либоси дарборӣ.
Як ҷавони кўҳистонӣ ба як марди шаҳрӣ табдил ёфт. Шеърҳояш дардолуд, ҳасратомез ва шикоят доранд; аз қадру қимат надоштани марди хирад ва бо чашми дил нигаристану дарк кардани ҷаҳон сухан гўяд.

Замона панде озодвор дод маро,
Замона чун нигарӣ, сар ба сар ҳама панд аст.
«Ба рўзи неки касон, – гуфт, – ғам махўр зинҳор,
Басо касо, ки ба рўзи ту орзуманд аст».

Оҳанги «Наврўзи Аҷам» пурсўзтар аз шеърҳои шоир буд ва муассиртар аз ҳар чиз ва якҷоя бо овози форам ва панди олӣ чунон ҳаловат бахшида буд, ки гузаштани вақтро на актёр пай мебурд ва на тамошобинон.

Ман мўи хешро на аз он мекунам сиёҳ,
То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.

пешина
аз 428
навбатӣ